Аз 21 октябр фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари вилояти Суғд дар терминали «Чорбоғ» ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 21.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз, 21 октябр фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбар ба самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тавассути роҳи мошингарди минтақаи шимоли пойтахт бо ҷойгиршавии онҳо дар терминали «Чорбоғ» муайян гардидааст. Дар ин бора қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид, хабар доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ба ин хотир нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобусии №52, 19 ва хатсайрҳои автобусии №3, 29 ва 41 терминали мазкур муқаррар карда шудааст.
Аз ин лиҳоз аз сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хоҳиш карда мешавад, ки минбаъд аз хизматрасонии терминали муосири «Чорбоғ» истифода намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд






