БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗИҲОИ ДЕЛФӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАНД! Маросими ботантанаи ифтитоҳи сабқат рӯзи шанбе дар Душанбе доир шуд

Октябрь 17, 2022 11:19

ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Бозиҳои Делфӣ шоми 15 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид. Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ташаббускорон, иштирокчиён ва меҳмонони Бозиҳои 16-уми байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ироа намуд.

Табрикоти худро ба иштирокчиёни Бозиҳои Делфии ҷавонон Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин низ ирсол намуд.

Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳо иҷрокунандаи вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамил Шамсуддинов, муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин ширкат ва  иштирокдоронро табрик намуданд.

Директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин Бозиҳои 16-уми байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ-ро дар шаҳри Душанбе кушода эълон намуд.

Дар маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳо барномаи бошукӯҳи ҳунарӣ манзури аҳли толор гардид. Бозиҳои 16-уми байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ бори нахуст дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи байналмилалии бозиҳои Делфӣ аз 14 то 18 октбяр баргузор мегардад. Сабқат рӯйдоди калидӣ дар таҷлили 20-умин солгарди Бозиҳои Иттиҳоди Делфӣ ба шумор хоҳад рафт.  Он ба Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар ИДМ бахшида шуда, ба нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2022 ворид карда шудааст. Ҳадаф аз баргузории Бозиҳои Делфӣ- ин дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.

Ташкил ва гузаронидани Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нозирони Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Дар сабқат тақрибан 500 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ иштирок намуда, ба ҳайати ҳакамон зиёда аз 30 нафар рассомон, профессорон ва докторҳои санъатшиносии ИДМ дохил мешаванд.  Бозиҳои Делфии имсола аз рӯи 10 номина- фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии бадеӣ, созҳои нафасӣ ва сарояндаи анъанавӣ, сарояндаи эстрадӣ, рақси халқӣ, созҳои халқӣ мегузаранд.

То ба имрӯз зиёда аз 100 Бозиҳои Делфии ҷаҳонӣ, байналмилалӣ ва миллӣ гузаронида шудаанд. Ба ҳолати имрӯза беш аз 2000 нафар ҷоизадорон дар бисёр кишварҳо дар соҳаи санъат ё идоракунии фарҳанг мавқеъи роҳбарикунандаро ишғол намуда, зиёда аз 700 нафар ба саҳнаҳои сатҳи ҷаҳонӣ баромадаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2022 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид