БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Шурӯъ аз пагоҳ кӯдакони думоҳа бо вояи якуми ваксина бар зидди сирояти пневмококкӣ фаро гирифта мешаванд

Октябрь 31, 2022 15:19

ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз пагоҳ, 1 ноябр, бори аввал дар Тоҷикистон кӯдакони думоҳаи аҳолии кишвар бо вояи якуми ваксина бар зидди сирояти пневмококкӣ фаро гирифта мешаванд. Ин нукта имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон зимни баргузории ҳамоиш зикр гардид.

Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иброз дошт, ки афзалияти калидии сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, солимии аҳолӣ мебошад ва муборизаву пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сироятҳое, ки тавассути эмкунӣ идора мешаванд, яке аз самтҳои асосии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба ҳисоб мераванд. «Пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо эмкунӣ ва риояи ҳатмии эмгузаронии тақвимӣ бо қоидаҳои асосии бехатарӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаи асосии соҳаи тандурустии мамлакат ба ҳисоб меравад»,-зикр намуд Н. Ҷаъфаров.

Иттилоъ дода шуд, ки дар саросари ҷаҳон сирояти пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии саломатии ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, сироятёбӣ аз он боиси зиёдшавии бемориҳои вазнин, ба монанди менингит, сепсис ва пневмония, инчунин бемориҳои сабуктар, чун отити гӯши мина, синусит ва бронит мегарданд. Аз рӯи натиҷаҳои баҳодиҳии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар саросари ҷаҳон беш аз 500 ҳазор кӯдакони то-5 сола аз бемориҳои пневмококкӣ мефавтанд, алалхусус кӯдакони то 2-солае, ки дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ зиндагӣ менамоянд.

Наврӯз Ҷаъфаров зикр намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани бемориҳои вазнини менингит, сепсис ва пневмония миёни кӯдакони хурдсол, инчунин мавҷудияти ваксинаҳои муосиру бехатар тасмим гирифт, ки ваксинаи пневмококкии конюгатсияшударо (ВПК) ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намояд.

Мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия, кӯдакон ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро (ВПК) дар синни 2, 4 ва 12-моҳагӣ қабул мекунанд. Таъкид гардид, ки шурӯъ аз пагоҳ, яъне 1 ноябр он кӯдаконе эм карда мешаванд, ки то ин сана ба 2-моҳагӣ расида бошанд. Маҳз ин кӯдакон бо навбат пас аз гирифтани вояи 1-ум вояҳои дуюм ва сеюми ин ваксинаро бояд аз рӯи муҳлатҳои дар Тақвими миллии иммунизатсия муайяншуда гузаранд. Яъне, барои пурра таъмин намудани масунияти қавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ ҳар кӯдак бояд се вояи ваксинаи мазкурро қабул кунад.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустии кишвар Файзалӣ Саидзода зикр намуд, ки то ба имрӯз 161 кишвари олам ин ваксинаро истифода менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати 162-юм ба шумор хоҳад рафт.

Ӯ иттилоъ дод, ки ба ҷумҳурӣ 273 ҳазору 200 вояи ваксинаи 10-валентаи пневмококкии конюгатсияшуда (ВПК) «Синфлорикс» бар зидди сирояти пневмококкӣ ворид карда шудааст.

Мутахассисони соҳа итминони комил доранд, ки ҳама ваксинаҳо бехатар ва самаранок ҳастанд. Бо сари вақт гузаронидани эмкунӣ шаҳрвандони кишвар кӯдаконашонро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ муҳофизат менамоянд. Бо дасткашӣ аз эмгузаронӣ шаҳрвандон саломатӣ ва ҳаёти кӯдаконашонро зери хатар мегузоранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 31, 2022 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши занону духтарони шаҳри Душанбе баргузор гардид
ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон 24-25 май боронҳои пуршиддат, сел, жола ва раъду барқ дар назар аст
«ШАРОРАИ ҶАВОНӢ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Оид ба нақшии калидии ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар давлати ҳуқуқбунёд ҳамоиш доир гардид
БА ТАЪСИСИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН 27 СОЛ ПУР ШУД. Назарпурсӣ оид ба фаъолияти ҷавонон дар ҷавоб ба дастгириҳои Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошанд»
Ҷавонони тоҷик дар моварои ҳаводиси сайёра ва таҳмили ғояҳои экстремистӣ бояд ҳамеша ҳушёр бошанд. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
«ҲИФЗИ САЛОМАТИИ ҶОМЕА-МАРОМИ МО». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши табибони ҷавон баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мавзеи офати табиӣ дар деҳаи Яхаки ноҳияи Нуробод ва минтақаи Сари Ҷар-Сангвор шинос шуд
Ҳайатҳои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуданд
МО ҶАВОНЕМ, МО ҶАВОНЕМ, МО ҶАВОН! Дар Тоҷикистон зиёда аз 2 миллион нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд
РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳо ба ифтихори 30-солагии таъсиси ҳизб