Дар Душанбе дар мавзӯи адабиёти муосири Россия барои бачаҳо ва наврасон ҳамоиш доир шуд

Октябрь 20, 2022 14:23

ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар доираи лоиҳаи “Меҳмонсарои адабӣ: адабиёти муосири Россия барои бачаҳо ва наврасон” маҳфили аввал дар шакли муколамаи  мустақими телевизионӣ бо иштироки адибони муосири кӯдакнавис ва ҷоизадорони адабиёти миллӣ миёни Китобхонаи адабиёти хориҷӣ (Россия) ва Китобхонаи миллӣ (Тоҷикистон) баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Китобхонаи миллӣ.

Зимни муколамаи  мустақими телевизионӣ адибони кӯдакнависи Россия ба тариқи онлайн ба суолҳои хонандагон посух  доданд. Ин барнома барои бинандагони минтақаҳои дигар низ дастрас мебошад.

Дар ҳамоиш адибони маъруфи тоҷик  Латофат Кенҷаева, Зариф Ғулом, Азизи Азиз, Маҷид Салим, Муродалӣ Собир, Юсуфҷон Аҳмадзода, намояндагони китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 1, 8 ва 20-и пойтахт иштирок намуданд.

Дар маҳфили аввали муколамаи  мустақими телевизионӣ Даря Белякова – Роҳбари Маркази китобхонашиносӣ ва ҳамкории касбӣ, Татяна Болшакова, мутахассиси пешбар, ҳамоҳангсози лоиҳаи “Меҳмонсарои адабӣ”, Наталия Волкова, шоир, нависанда, тарҷумон, омӯзгори забони англисӣ, соҳиби чандин ҷоизаҳои адабӣ, Андрей Кузмичев, мутахассиси технологияи инноватсионӣ ва иттилоотӣ, Александра Литвина, муаллифи як силсила китобҳо барои бачаҳо, соҳиби чандин ҷоизаи адабӣ, Кирилл Машков, роҳбари Маркази иттилооти инноватсионӣ, Вероника Николаева, мутахассиси пешбар оид ба корҳои намоиши китоб, муҳаррири лоиҳаи “Меҳмонсарои адабӣ”, Мария Пономаренко, библиографи Маркази китобҳои бачагона ва барномаҳо барои атфол, баранда ва методисти лоиҳаи “Меҳмонсарои адабӣ”, Иван Рибаулин, сарвари Маркази барномаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ба сурати ҳузурӣ ширкат намуданд.

Муддати 100 сол аст, ки “Китобхонаи адабиёти хориҷии Россия” на танҳо хонандагонашро бо шаҳкориҳои адабиёти олам шинос мекунад, балки ба таблиғи адабиёти рус низ барои хонандагони хориҷӣ даст мезанад. Як самти басо муфид ва пуртаъсиру фоидаовари он- иртиботу ҳамкорӣ бо хонандагони мактабҳои миёна, донишомӯзони макотиби оливу миёна ва омӯзгорони забон ва адабиёти рус дар хориҷ аз қаламрави Россия мебошад.

Китобхонаи адабиёти хориҷӣ таҳти унвони “Меҳмонсарои адабӣ: адабиёти муосири Россия барои бачаҳо ва наврасон” як силсила барномаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ пешниҳод мекунад. Он марҳилаи нави як барномаи бузурги ин китобхона барои рушди забони русӣ дар хориҷ, бахусус қаламрави кишварҳои ИДМ ба шумор меравад.

Соли 2023 дар ҳудуди кишварҳои ИДМ Соли забони русӣ эълон шудааст ва ин гуна тадорукот тибқи барномаи густарда пайваста гузаронида мешаванд.

Имрӯз  рӯзи дуюм аст, ки фиристодагони Китобхонаи адабиёти хориҷии Москва дар Китобхонаи миллӣ ҳузур дошта, аз шуъбаву толорҳои хониши он дидан менамоянд. Онҳо ҳамзамон бо хонандагон ва кормандон бевосита ҳамсуҳбат шуданд.

АКС:  Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2022 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ХОВАЛИНГ ТАЪРИХИ ЯКМИЛЛИОНСОЛА ДОРАД. Он барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат менамояд
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ завқи кадбонугӣ ва анъанаҳои хӯрокпазии миллиро эҳё менамоянд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ шуданд
Олимони ҷавони тоҷик дар машғулияти Мактаби байналмилалии тобистонаи Узбекистон иштирок доранд
Намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон доир мегардад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тақдими китоби «Шоҳнома» ба беш аз 48 ҳазор оилаи шаҳри Ҳисор оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр оғоз мегардад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад