Дар Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ таъмиру таҷдид ва соҳиби дарвоза мешаванд
ДУШАНБЕ, 27.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини беҳдошти муҳити зист, баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ, солимгардонии муҳити атроф, амнияти экологӣ ва дар доираи таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи хизматрасонии соҳаи коммуналиро беҳтар ба роҳ монда, дар ин раванд таъмиру таҷдиди нуқтаҳои партовҷамъкуниро дар шаҳраку маҳаллаҳо идома дода истодаанд.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 1761 адад нуқтаҳои партовҷамъкунӣ мавҷуданд, ки дар шаҳракҳо 346 адад, маҳаллаҳо 318 адад, шахтаҳо 578 адад ва дар ташкилоту идораҳо 519 ададро ташкил медиҳанд.
Бо мақсади фаҳмидани ҳолати воқеии фаъолияти корхонаҳои партовкашони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва иҷрои фасли 5-и қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Дар бораи тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Лоиқ Раҳмонзода аз вазъи барориши партов дар шаҳраку маҳалалҳо дидан намуд.
Дар ҷараёни боздид маълум гардид, ки мушкилот дар корхонаҳои воҳиди давлатии ноҳияҳои пойтахт оид ба сари вақт баровардани партов мавҷуд буда, як қисм майдончаҳои партовҷамъкунӣ ба таъмир ниёз доранд. Вобаста ба бартарафкунии ин мушкилиҳо роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур нуқтаҳои партовҷамъкунию қуттиҳои партовро таъмиру рангу бор намуда, ба даромадгоҳҳои майдончаҳои партовҷамъкунӣ дарвоза насб намуда истодаанд. Ҳамчунин барои огоҳии бештари аҳолӣ навиштаҷот бо мазмуни дар кадом муҳлат ҷойгир намудани партов ва дар сурати риоя нагардидани муқаррароти амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида шудани шаҳрвандонро насб намуда истодаанд.
Лоиқ Раҳмонзода иброз намуд, ки «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти мунтазами корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашонро ҷиҳати сари вақт баровардани партов зери назорат қарор додааст. Ин аст, ки сатҳу сифати хизматрасонии соҳаи коммуналӣ сол то сол рӯ ба беҳбудӣ оварда, баровардан, коркард ва безараргардонии партовҳо дар доираи талаботи экологӣ анҷом дода мешавад. Хурсандиовар аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пас аз таҳлили фаъолияти корхонаҳои партовкашони ноҳияҳои пойтахт 460 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ, аз ҷумла партовкашонро харидорӣ ва ба сохторҳои марбута тақдим намуд. Чунин дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сабаб гардиданд, ки вазъи барориши партов беҳтар гашта, корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашонии ноҳияҳои пойтахт дар як рӯз аз нуқтаҳои партовҷамъкунӣ 700-850 тонна партов мебароранд».
Тибқи хулосаи мутахассисони соҳа, муносибат бо партов яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб шуда, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи экологӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безарар гардонидани партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» мавриди амал қарор дорад.
Тибқи қарори мазкур, баровардани партов аз майдончаҳои партовҷамъкунӣ дар муҳлати як шабонарӯз амалӣ карда мешавад.
АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






