Дар Хуҷанд ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон зеботарин боғ ифтитоҳ меёбад
ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Начандон дуртар аз маркази маъмурии вилояти Суғд, дар рӯ ба рӯи Қасри таърихии «Арбоб», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки 30 сол қабл дар он ҷо Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор шудаву муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд, бунёди боғи зеботарин идома дорад.
Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, сохтмони ин боғ ба ифтихори 30-солагии яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин ва тақдирсоз — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол таҷлил карда мешавад, роҳандозӣ шуда, дар назар аст, ки он миёнаҳои моҳи ноябр ба истифода дода шавад.
Дар ҳудуди боғ корҳои батартибдарории роҳравҳо, насби курсиҳо ва фаввораҳо ҷараён доранд. Мувофиқи нақшаи лоиҳа, иншоот дарвозаҳои асосӣ, ҷойҳои истироҳатӣ, гулгашту фаввораҳо, инчунин таваққуфгоҳи мошинҳоро дар бар хоҳад гирифт.
Ёдовар мешавем, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, Эмомалӣ Раҳмон раиси он интихоб гардиданд. Муаррихону коршиносони сершумори дохиливу хориҷӣ ин иҷлосияро рӯзи барқарории сохти конститутсионӣ, оғози сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва парлумонӣ дар Тоҷикистон медонанд.
АКС аз манбаъҳои боз









Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






