Дар Тоҷикистон сиёсати саноатикунонӣ босуръат татбиқ мегардад
ДУШАНБЕ, 07.10.2022. /АМИТ»Ховар»/. Аз 25 сентябр то 6 октябр бо ташаббуси Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) ва дастгирии техникии шарикони рушд, бавижа Созмони олмонии ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (GIZ) ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) намояндагони 25 корхонаи дӯзандагии Тоҷикистон, аъзои ИРБаХТ ба сафари омӯзишии амалӣ дар корхонаҳои дӯзандагии вилояти Намангони Узбекистон ҷалб гардиданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» Директори иҷроияи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Наима Норматова.
Зимни сафари омӯзишӣ ҳайати Тоҷикистон дар маркази вилояти Намангони Узбекистон ба омӯзиши амалии дӯхти либоси варзишӣ ва куртаи мардона фаро гирифта шуд.
Сипас, намояндагони корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон, аъзои ИРБаХТ дар корхонаи «Ideal»- и вилояти Намангони Узбекистон ба дӯхтани пиҷаки мардона шурӯъ карданд.
Аъзои ИРБаХТ ҳамзамон аз корхонаи дӯзандагии куртаи мардона «Dreamliner textile»-и вилояти Намангон боздид намуданд.
Дар корхонаи дӯзандагии «Сhust textile»-и вилояти Намангон аз тарафи муассис Дилшод Исматуллоев барои шунавандагон оид ба ташкили низоми самараноки корбарӣ, шумораи амалиёт, раванди пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ аз маҳсулоти хом то моли истеҳсолшуда ва ҳамкорӣ миёни коргоҳҳо машғулияти амалӣ гузаронида шуд.
Дар доираи сафар бо мақсади дарёфт ва густариш додани ҳамкории тиҷоратӣ барои аъзои ҳайати Тоҷикистон имкон фароҳам оварда шуд, ки онҳо аз коргоҳҳои дӯзандагии Намангон, марказҳои савдо ва корхонаҳои истеҳсолӣ боздид ба амал оваранд.
Дар натиҷа ҳайати Тоҷикистон барои густариш додани тиҷорат бо шарики боэътимод аз Намангон бо ширкату корхонаҳои ин вилоят созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Аз ҷумла, КД «Сайёр»-и Тоҷикистон бо СИ «Муҳаммадҷон»- и Намангон оид ба таъмини матоъ барои дӯхтани либоси ягонаи мактабӣ, ҶДММ «Файзи сайёр» бо СИ «Аҳмадҷон» оид ба таъмини матоъ барои дӯхтани либоси ягонаи мактабӣ ва фурнитура, КД «Дирафрӯз» бо «Сhust textile» оид ба такмили ихтисоси кормандон ва ғайра.
Умед аст, ки таҷрибаи омӯхта ба боло бурдани соҳаи дӯзандагӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид






