Дар Тоҷикистон сиёсати саноатикунонӣ босуръат татбиқ мегардад

Октябрь 7, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 07.10.2022. /АМИТ»Ховар»/. Аз 25 сентябр то 6 октябр бо ташаббуси Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) ва дастгирии техникии шарикони рушд, бавижа Созмони олмонии ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (GIZ) ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) намояндагони 25 корхонаи дӯзандагии Тоҷикистон, аъзои ИРБаХТ ба сафари омӯзишии амалӣ дар корхонаҳои дӯзандагии  вилояти Намангони Узбекистон ҷалб гардиданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» Директори иҷроияи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Наима Норматова.

Зимни сафари омӯзишӣ ҳайати Тоҷикистон дар маркази вилояти Намангони Узбекистон ба омӯзиши амалии дӯхти либоси варзишӣ ва куртаи мардона фаро гирифта шуд.

Сипас, намояндагони корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон, аъзои ИРБаХТ дар корхонаи «Ideal»- и вилояти Намангони Узбекистон ба дӯхтани пиҷаки мардона шурӯъ карданд.

Аъзои ИРБаХТ ҳамзамон аз корхонаи дӯзандагии куртаи мардона «Dreamliner textile»-и вилояти Намангон боздид намуданд.

Дар корхонаи дӯзандагии «Сhust textile»-и вилояти Намангон аз тарафи муассис Дилшод Исматуллоев барои шунавандагон оид ба ташкили низоми самараноки корбарӣ, шумораи амалиёт, раванди пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ аз маҳсулоти хом то моли истеҳсолшуда ва ҳамкорӣ миёни коргоҳҳо машғулияти амалӣ гузаронида шуд.

Дар доираи сафар бо мақсади дарёфт ва густариш додани ҳамкории тиҷоратӣ барои аъзои ҳайати Тоҷикистон имкон  фароҳам оварда шуд, ки онҳо аз коргоҳҳои дӯзандагии Намангон, марказҳои савдо ва корхонаҳои истеҳсолӣ боздид ба амал оваранд.

Дар натиҷа ҳайати Тоҷикистон барои густариш додани тиҷорат бо шарики боэътимод аз Намангон бо ширкату корхонаҳои ин вилоят  созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Аз ҷумла, КД «Сайёр»-и Тоҷикистон бо СИ «Муҳаммадҷон»- и Намангон оид ба таъмини матоъ барои дӯхтани либоси ягонаи мактабӣ, ҶДММ «Файзи сайёр» бо СИ «Аҳмадҷон» оид ба таъмини матоъ барои дӯхтани либоси ягонаи мактабӣ ва фурнитура, КД «Дирафрӯз» бо «Сhust textile» оид ба такмили ихтисоси кормандон ва ғайра.

Умед аст, ки таҷрибаи омӯхта ба боло бурдани соҳаи дӯзандагӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 7, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад