ДЗЮДО. Паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Abu Dhabi Grand Slam 2022» иштирок мекунанд

Октябрь 20, 2022 08:55

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз  21 то  23 октябр  дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб  мусобиқаи Тоскулоҳи бузург («Abu Dhabi Grand Slam  2022»)  оид ба гӯштини дзюдо баргузор мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар додааст.   

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) миёни 430 варзишгар  аз 66  кишвари ҷаҳон доир мешаванд. Тоҷикистонро дар  ин мусобиқаи   сатҳи баланд  11  нафар  варзишгарони  шинохта  намояндагӣ мекунад: Шоҳида Қаландарова  дар вазни  то 57 кг, Мавлуда Одинаева  дар вазни  то  63 кг,  Муслимбек Каримов  дар  вазни  то 60 кг, Шаҳбоз Саидабуроров  дар вазни  то  66кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов  дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев  дар  вазни то 81кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ҳамроҳ бо Комроншоҳи Устопириён  дар вазни то 90кг, Абубакри Акобир  бо  Эмомризо Анварзода дар вазни то  100кг  ва ниҳоят  паҳлавони   маъруфи меҳан  Темур Раҳимов дар вазни +100кг  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа муаррифӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ғолибони мусобиқаи мазкур соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Варзишгароне, ки соҳиби медали тилло мегарданд, 1000 имтиёз, медали нуқра- 700 имтиёз ва медали  биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд. Ҳамчунин дзюдочиёне, ки мавқеи 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, соҳиби  360 ва 260-имтиёзӣ мегарданд.

Хотиррасон мешавем, ки  соли гузашта  паҳлавонони  шинохтаи тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдои «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори се медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ гардида буданд.  Мусобиқаи мазкур 26-28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб бо иштироки 223 варзишгар (135 мард, 88 зан) аз 41 давлати дунё доир гашт. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар варзишгар ба шаҳри Абузабӣ сафарбар гардида буданд. Дар вазни то 90кг Комроншоҳ Устопириён медали нуқра, Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов дар вазни +100кг сазовор гардид.

                                                                     АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Октябрь 20, 2022 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад