ГӮШВОРИ ТИЛЛОӢ ДАР ШАКЛИ СФИНКС. Ин нигора таваҷҷуҳи бинандагони Осорхонаи шаҳри Душанберо ҷалб сохтааст

Октябрь 7, 2022 14:55

ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гушвори тиллоӣ дар шакли Сфинкс, ки аз шаҳристони Душанбе пайдо карда шудааст, мутааллиқ ба асрҳои I-II-и то мелод аст. Он ифодагари санъату ҳунари волои заргарии мардуми тоҷик дар замонҳои қадим буда, дар яке аз гӯшаҳои нигораҳои бостонии Осорхонаи шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шудааст.

Тавре ходими илмии Осорхонаи шаҳри Душанбе Бобомулло Бобомуллоев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, бозёфти мазкур далели он аст, ки ҳунари заргарӣ дар он замон хеле тараққӣ намуда будааст. Маснуоти заргарии он замонҳо ҳамчунин вазифаи ҳифзкунандагиро иҷро карда, аз қувваҳои бадӣ эмин нигоҳ медоштаанд. Дар ашёи ороишии ин асрҳо рамзҳои ҷирмҳои осмонӣ, тасвирҳои ҳайвонот ва инсонҳо тасвир ёфтаанд, ки мазмунҳои асотирӣ ва эътиқодӣ доштанд.

«Сфинкс махлуқи афсонавиест, ки хусусияти ҳайвон ва инсонро доро мебошад. Ватани ин махлуқи ғайриодӣ Мисри қадим аст, ки аз он ҷо дар саросари ҷаҳони қадим паҳн шуда, дар олоти мардуми он замон, аз ҷумла гӯшвору гарданбанд, дастаи шамшер, даромадгоҳҳо ва дигар асбоб тасвир мегардид.

Ҳамин аст, ки гӯшвори заррин, ки аз ҳудуди имрӯзаи шаҳри Душанбе ёфт гардидааст, диққати тамошобинони ватаниву хориҷиро бештар ҷалб менамояд. Ин на танҳо аз муомилоти тиҷоратӣ, балки робитаи фарҳангӣ доштани мардуми тоҷик бо ёдгориҳои дурдасти ҳамзамон гувоҳӣ медиҳад»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар расм: сфинкс дар Миср.

Ба монанди ин гӯшвори тиллоӣ дар осорхонаи мазкур нигораҳои нодири дигар низ мавҷуданд, ки ҳар яки он дорои таърих, мафҳум ва хусусияти хос буда, дар худ анъана, урфу одати мардуми қадимии шаҳри Душанберо бозгӯӣ мекунад. Тамошобинон бо дидани ин бозёфтҳои нодир бо гузаштаи пурғановати мо шинос мешаванд. Дар ин осорхона тамошобин метавонад аз бозёфти дигари ин аср, яъне лавҳа бо тасвири Диониси ҷавон шинос шавад, ки онро бостоншиносон соли 1952 аз ҳудуди шаҳри Душанбе бозёфт намудаанд. Ба зикри муаррихон, бозёфтҳои мазкур далели онанд, ки шаҳри имрӯзаи Душанбе дорои таърихи 2300-сола мебошад.Бояд тазаккур дод, ки дар осорхонаи мазкур диққати меҳмононро бахши Нигористон, ки дар он манзараҳои Тоҷикистон ва иншооти муҳимтарини дар замони истиқлолият бунёдшуда ҷойгиранд, ҷалб менамояд. Дар ин гӯша 30 мусаввараи рассомони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рассоми халқии Тоҷикистон Олимҷон Рабизода ба маърази тамошо гузошта шудаанд.«Дар ин расмҳо мусаввир Олимҷон Рабизода таърихи тӯлонии миллати моро бо истифода аз рангҳо ҷолибу диданӣ ба қалами тасвир кашидааст. Тамошои ин мусаввараҳо бинандаро бо муҳимтарин рӯйдодҳои таърих аз даврони куҳан то замони навин шинос менамояд»,-мегӯяд БобомуллоБобомуллоев.

Инчунин дар осорхона мусаввараҳое мавҷуданд, ки дар онҳо муҳимтарин рӯйдодҳо ва шахсиятҳои мондагори таърихи халқи тоҷик дарҷ гардидаанд. Дар асоси мусаввараҳои мазкур 14 деворнигора, ки дар рӯи санг ҳаккокӣ шудаанд, саҳни берунаи «Бурҷи Истиқлол»-ро оро медиҳанд. Мавзӯи деворнигораи якум ба инсони аввалин – Каюмарс ва Ҷамшед- ҳамчун шоҳи аввалини қавми ориёӣ, ки рӯ ҷониби китоби «Авасто» дорад, кашида шудааст. Дар расмҳои дигар сари қудрат омадани Куруши Кабир ва муттаҳид намудани сарзаминҳои ориёӣ, муборизаи Спитамен бо Искандари Мақдунӣ, корнамоии Деваштич, давлатдории Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён ҳаккокӣ шудаанд. Инчунин дар он Исмоили Сомонӣ дар ҳалқаи вазирон ва аҳли илму адаб, қаҳрамони халқи тоҷик-Темурмалик низ нигошта шудааст.Дар деворнигораҳо китобу катибаҳои асримиёнагӣ ва намунаи санъату ҳунар, шоирону адибон аз Абдураҳмони Ҷомӣ то Аҳмади Дониш, шаҳрҳои бузурги таърихии тоҷикон – Саразм, Балх, Нисо, Марв, Самарқанд, Бухоро, Тахти Сангин, Хуҷанд, Панҷакенти Қадим, Бунҷикат, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Ҳирот, Ғазна ва дигар шаҳрҳо тасвир гардидаанд.

Дар толори осорхона инчунин лавҳаҳои алоҳида доир ба сарулибоси минтақаҳои ҷудогонаи кишвар, асбоби рӯзгор ва мусиқӣ ҷойгир шудаанд. Осорхона ҳамчун ҷойи тамошобоб ва ҷолиб барои сокинони шаҳру ҷумҳурӣ ва сайёҳони хориҷӣ омода гардидааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Осорхонаи шаҳри Душанбе

Октябрь 7, 2022 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд