Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои ИДМ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 октябр дар Минск ҷаласаи XXIX Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад. Мавзӯи асосии ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ- беҳтар кардани сифати хизматрасонии андозсупоранда, инчунин таҳияи хадамоти интерактивӣ дар асоси фикру мулоҳизаҳои корбар ва таҳқиқоти истифодаи таҷриба дар давлатҳои иштирокчии ИДМ мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд.
Яке аз самтҳои калидии фаъолияти мақомоти андози ИДМ- фароҳам овардани шароити мусоиди низоми андоз дар шакли механизми чандир аст, ки метавонад ба таври оҷилӣ ба тағйироти дохилӣ ва берунӣ вокуниш нишон диҳад, зуд ҷавоб ёбад ва ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои андозӣ равона гардад, инчунин барои андозсупорандагон шароити мусоид фароҳам орад.
Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ инчунин масъалаҳои татбиқи Протоколро дар бораи табодули иттилоот дар шакли электронӣ миёни давлатҳои ИДМ оид ба татбиқи маъмурикунонии андоз аз 2 ноябри соли 2018; оид ба таҷрибаи муайян кардани сатҳи қонеъ гардонидани андозсупорандагон; оид ба рушди табодули ҳуҷҷатҳои электронӣ дар кишварҳои ИДМ ва дигар масъалаҳо баррасӣ менамоянд.
Чорабиниро Вазорати андоз ва пардохтҳои Ҷумҳурии Беларус ҳамоҳанг менамояд.
ДАР АКС: Ҷаласаи XXV ШҲРМА кишварҳои аъзои ИДМ, ки моҳи августи соли 2018 дар Душанбе баргузор гардид. АКС: АМИТ «Ховар»








КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид






