Имрӯз дар Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад

Октябрь 15, 2022 13:15

ДУШАНБЕ, 15.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 19:00  дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки намояндаи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанг, хайати ҳакамон аз ИДМ ва мамлакати мо, ҳунармандон ва иштирокчиёни Бозиҳо доир мегардад.

Тоҷикистон бори аввал аст, ки мизбони Бозиҳои Делфӣ гардидааст, ки дар он зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ иштирок менамоянд. Инчунин 16 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Бозиҳои Делфӣ дар мавзӯи «Бистсолаи Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: таърих ва дурнамо» конференсияи байналмилалӣ доир мешавад.

Ташкилкунандагони Бозиҳои Делфӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии бозиҳои Делфӣ буда, таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» узви гурӯҳи тадорукоти Бозиҳои Делфӣ дар Тоҷикистон Марям Холиқзода иттилоъ дод, аз теъдоди умумии иштирокчиёни чорабинӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон 160 нафар, Федератсияи Россия 117 нафар, Ҷумҳурии Қазоқистон 28 нафар, Узбекистон 27 нафар, Озорбойҷон 7 нафар, Арманистон 7 нафар ва Беларус 32 нафарро ташкил медиҳанд.

Ба ҳайати ҳакамон қариб 35 нафар ходимони шинохтаи санъату ҳунари ИДМ шомил мебошанд. Аз Федератсияи Россия 4 нафар, Ҷумҳурии Қазоқистон 4 нафар, Узбекистон 4 нафар, Озорбойҷон 3 нафар, Арманистон 3 нафар, Беларус 4 нафар ва аз Тоҷикистон 10 нафар фарҳангшиносон ва санъаткорони варзида дар ҳайати ҳакамон дар даҳ номина иштирок мекунанд. Аз Тоҷикистон мусиқишинос Фирӯз Улмасов дар номинаи фортепиано, Елена Парманқулова дар номинаи скрипка, Мизроб Холов дар номинаи санъати тасвирӣ, Содиқ Нуруллоев дар номинаи сарояндаи академӣ, Фурқат Саид дар номинаи сарояндаи халқӣ, Зафар Абдуалимов дар номинаи сарояндагӣ, Зебо Аминзода дар номинаи рақси халқӣ ва дигарон ширкат меварзанд.Бозиҳои Делфии имсола аз рӯи 10 номина дар муассисаҳои гуногуни фарҳангии мамлакат доир мешаванд. Номинаи фортепиано ва сарояндаи академӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, номинаи скрипка дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З.Шаҳидӣ, номинаи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии бадеӣ дар Донишкади давлатии фарҳанг ва санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, номинаи созҳои нафасӣ ва сарояндаи анъанавӣ дар Доникадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, номинаи сарояндаи эстрадӣ дар толори фарҳангии меҳмонхонаи «Серена», рақси халқӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва созҳои халқӣ дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев доир мегарданд.

Бояд гуфт, ки барои ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиёни Бозиҳои Делфӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ ташкил гардидааст. Иштирокчиён  ва ҳайатҳои эҷодӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон,  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, ки дар  Боғи «Ирам»- и пойтахт ташкил мегардад ва  аз яке аз ёдгориҳои қадимии кишвари мо — Қалъаи Ҳисор дидан менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки 12 октябр директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин ба Душанбе омад, 14 октябр воридшавии иштирокчиён ба ҷумҳурӣ оғоз гардида, бақайдгирии ҳайатҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир шуд.

Ҳар иштирокчӣ ҳамчун узви ҳайати расмӣ шарафи кишвари худро ҳимоя намуда, иқтидори фарҳангии мамлакати худ ва сатҳи муосири рушди ҳунарашро нишон медиҳад.

Ғолибони Бозиҳо бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардида, барои ҳунарнамоии арзанда ҳайати ҳакамон иштирокчиёни алоҳидаро бо дипломҳо қадрдонӣ мекунанд. Ҷараёни баргузории Бозиҳо дар шабакаи радио ва телевизион, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои ҷаҳон инъикос меёбанд.

Ҳадаф аз баргузории Бозиҳои Делфӣ — дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.

Хотирасон мешавем, ки тибқи қарори Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳри ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2016-2020 ҳамасола Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида мешавад. Фаъолияти Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби 65 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки таърихи Бозиҳои Делфӣ аз соли 582 пеш аз милод ҳисоб карда мешавад. Номи пешинаи он Пиф буд. Беш аз 1600 сол пеш ин бозиҳо манъ гардида, танҳо аввали асри XX эҳё карда шуданд. Аз соли 1927 то 1930 дар Юнон ҷашнвораи Делфӣ баргузор шуд. Аммо Ҷанги дуюми ҷаҳон сабаб гардид, ки баргузории намоиши олии ҳунар қатъ шавад.

Давраи нави Бозиҳои Делфӣ соли 2000 оғоз ёфт ва бо иштироки 27 давлат дар Россия аввалин Бозиҳои Делфии ҷаҳонӣ баргузор гардиданд. Дар он аз рӯи 18 номина 938 нафар ширкат варзида, доварон намояндагони 13 кишварро дар бар гирифтанд.

То имрӯз 14 Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шудаанд. Танҳо дар даври хотимавии чорабиниҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷавонписарон ва духтарони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ ширкат варзиданд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2017 дар Екатеринбург хонандаи Мактаби миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев Идибек Тошев медали тиллои ин озмуни бонуфузро ба даст оварда буд.

Ёдовар мешавем, ки 17 октябр  соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими пӯшидашавии Бозиҳо доир мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Октябрь 15, 2022 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад