ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Бори аввал дар Тоҷикистон ин ид таҷлил мегардад

Октябрь 24, 2022 11:13

ДУШАНБЕ, 24.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба иди касбӣ — Рӯзи иттифоқҳои касаба ҳамоиши тантанавӣ доир мегардад. Имсол бори нахуст дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи иттифоқҳои касаба 24 октябр таҷлил карда мешавад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, «имсол дар саҳифаҳои дурахшони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ рӯйдоди муҳими таърихӣ ба миён омад. Бори аввал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзхои ид» аз 23 декабри соли 2021, Рӯзи иттифоқҳои касаба таҷлил карда мешавад. Таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба ба ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад, зеро дар ҳамин рӯз- 24 октябри соли 2019 Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда буданд».

24 октябри соли 2019 зимни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад».

ДАР АКС: Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ. 24 октябри соли 2019, дар Кохи Борбад. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ба гуфти Маликшо Неъматзода, мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба ҷашни якасраи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, ки Тоҷикистон аз соли 1993 узви комилҳуқуқи он мебошад, рост омад. Зеро саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ миёни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд. То ин муддат аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пазируфта шудаанд.

«2 августи соли 2011 дар арафаи таҷлили 10-солагии Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» имзо гузоштанд. Марҳилаи рушди иттифоқҳои касаба дар таърихи сисолаи истиқлолияти давлатӣ маҳз аз соли 2011 сифатан оғоз ёфт. Ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияташро пурсамар намуд. Иттифоқҳои касаба фаъолияташро ба талаботи замони истиқлолият мувофиқ намуд, барои амалисозии сиёсати давлат оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити зист, таъминоти иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба тадбирҳои мушаххас андешид»,- тазаккур дод Маликшо Неъматзода.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба чунин зикр намуданд: «…Иттифоқҳои касабаи кишвар дар сафҳои худ беш аз 900 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид намуда, ҳамчун шарики иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи Созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои дастҷамъона нақши муҳим ва муассир иҷро мекунанд. Дар замони истиқлоли давлатӣ Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон роҳи самарабахшро тай намуда, на танҳо ягонагии сафҳои худро нигоҳ дошт, балки ба қувваи амалкунандае табдил ёфт, ки фаъолияти худро барои беҳтар намудани шароити меҳнат ва зиндагии аъзои иттифоқҳои касаба равона намудааст».

Бояд гуфт, ки рисолати Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар корманд мебошад. Дар айни замон ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фарогири 3 шӯрои вилоятӣ, як шӯрои шаҳрӣ, 17 кумитаи соҳавӣ ва 18 ҳазору 366 ташкилоти ибтидоӣ буда, дар сафҳояш беш аз 910 ҳазору 300 нафар аъзоро муттаҳид намудааст.

Дар солҳои истиқлолияти миллӣ қабули созишномаҳои генералӣ бори дигар собит намуданд, ки ҳифзи манфиатҳои меҳнатии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, сол ба сол зиёд шудани музди меҳнат ва татбиқи босуботи сиёсати иҷтимоӣ пайваста дар маркази фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои зикршуда тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар баробари дигар ташкилоти ҷамъиятӣ дар таҳким ва рушди истиқлолияти миллӣ саҳми беандоза мегузорад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 24, 2022 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид