IRS: Дар километрҳои 154-160-и роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ баландии барф зиёд гардидааст

Октябрь 19, 2022 09:35

ДУШАНБЕ, 19.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта бориши барфу борон дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ идома ёфта, дар километрҳои 154 — 160 баландии барф зиёд гардид.  Дар айни ҳол кормандони филиали Ширкат аз тамоми имконият истифода бурда истодаанд,  то роҳ мунтазам аз барф тоза карда шавад. Ин кор аз субҳи барвақт ҷараён дорад.   Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

   Ба таъкиди роҳбарияти ширкати IRS, «бо мақсади ба амал наомадани танбашавии воситаҳои нақлиёт каме маҳдудият ҷорӣ гардид ва аз ронандагону мусофирон  хоҳишмандем, ки моҳияти онро дарк намоянд».

Баробари расидани  иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.

АКС: Маркази матбуоти ширкати IRS

Октябрь 19, 2022 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар занҷираи истеҳсолӣ машварат баргузор гардид
ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. Ба маоши вазифавии кормандоне, ки дар ҳодисаҳои сӯхтор дар шароити барои саломатӣ зараррасон хизмат мебаранд, ба андозаи 20 дарсад иловапулӣ пешбинӣ карда мешавад
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамкориро бо Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон тавсеа мебахшад
ПЕШГИРИИ САДАМАҲО. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ дар мавзуи таъмини бехатарии роҳҳо машварат доир намуд
Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Озарбойҷон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии тақсимоти ғайриқонунии замин ва сохтмони худсарона ҷаласа баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералӣ ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид
Таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маросими тантанавии савгандёкунии курсантон баргузор шуд
Дар қисмҳои низомии шаҳри Хоруғ наваскарон савганди садоқат ёд намуданд