«Кирмакпарварӣ. Истеҳсоли пилла ба 1200 тонна мерасид, агар..»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Октябрь 14, 2022 10:04

ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи  №195 (24 554), чоршанбе, 12 октябри соли равон таҳти сарлавҳаи «Сафари расмии Александр Лукашенко ба Тоҷикистон», «Музокироти сатҳи олӣ», «Маҳфили «Шоми дӯстӣ» ба ифтихори меҳмони олимақом» ва «Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ» оид ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хабару гузоришҳо  нашр намудааст.

Инчунин дар ин шумора матлабҳои гуногун  доир ба мавзӯъҳои муҳими  рӯз, аз қабили «Кирмакпарварӣ. Истеҳсоли пилла ба 1200 тонна мерасид, агар..», «БМТ. Баррасии нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026», «Адиби ҳама давру замонҳо», «Хатлон. Соҳаҳои иҷтимоӣ ба зимистон омодаанд», «Суғд. Нобуд сохтани дору ва маводи ороишии пастсифат» ва зери рубрикаҳои «Ҷаҳон», «Ҷаҳон дар як сатр» хабарҳо аз хориҷи мамлакат  пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Муаллифи маводи «Кирмакпарварӣ. Истеҳсоли пилла ба 1200 тонна мерасид, агар..» Кароматулло Ато ин соҳаро аз бахшҳои  сердаромади мамлакат унвон намуда, зикр доштааст, ки он дар бозори ҷаҳонӣ талаботи зиёд дорад. Мавсуф рушди соҳаро дар амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат нақши созгор донистааст. Инчунин муаллиф мушкилоти дар ин соҳа ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онро аз нигоҳи масъулин нишон додааст.

«Бино ба маълумоти мутахассисон, замоне Тоҷикистон 80 дарсади пиллаи Иттиҳоди Шӯравиро истеҳсол мекард ва ҳаҷми он бештар буд. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, соли 1991 дар ҷумҳурӣ 4528,6 тонна пилла истеҳсол шуд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020 амалӣ нагашт ва натиҷаи дилхоҳ ба даст наомад. Соҳаи муҳими стратегии мамлакат аз таваҷҷуҳи хоҷагиҳо берун монд», -омадааст дар мақолаи мазкур.

«…Дар ҳақиқат даромади соҳа хуб аст. Агар аз се кило пиллаи хушк як кило абрешим ҳосил шавад, аз он 25 метр атласи тоза бофтан мумкин аст. Тоҷикистон бо шароити хуби иқлимӣ метавонад бештар аз ин маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол намояд. Нахи абрешим аз ҷумлаи маводи бозоргирест, ки ба рушди он таваҷҷуҳ мебояд. Ҳоло дар бозор як метр атласи абрешими табиӣ аз 30 то 70 сомонӣ арзиш дорад. Пас, месазад, ки кирмакпарварӣ дар ҷумҳурӣ рушд ёфта, занону духтарони мо соҳиби ҷои кор ва ҳам музди арзанда шаванд. Бовар аст, ки бо саъю талоши зиёди масъулон ва тадбирҳои тозаю муассири Ҳукумати ҷумҳурӣ мушкилиҳои соҳа бартараф, кирмакпарварӣ ба бахши сердаромади кишоварзӣ мубаддал ва анъанаи неки атласбофони тоҷик дубора эҳё мешавад». Хонанда имкон дорад, ки шакли пурраи матлабро аз ин шумора  мутолиа намояд.

«Хатлон. Соҳаҳои иҷтимоӣ ба зимистон омодаанд»- чунин ном дорад матлаби дигари ин нашрия, ки дар он муаллиф Зокир Ҳасан бо сардори Раёсати молияи вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода доир ба омодагӣ ба фасли зимистон суҳбат карда, аз тайёрии соҳаи тандурустӣ ва маорифи вилоят гузориши муфассал пешниҳод намудааст.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» рӯзи душанбе, 10 октябр №126 (4546) дар баробари дигар рӯзномаву нашрияҳои кишвар дар саҳифаи аввали худ доир ба иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасми сарони кишварҳои аъзои ИДМ, ки 7 октябр  дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид,  гузориш нашр намудааст.

Инчунин нашрия дар саҳифаи 1 ва 2-и худ таҳти унвони «Сиёсати муваффақи хориҷӣ ва саҳми Пешвои миллат дар ин раванд» матлаби Далери Абдуллоро чоп намудааст, ки дар он муаллиф доир ба сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва муваффақ шудани он дар арсаи байналмилалӣ андешаронӣ намудааст.

«Далели бебаҳс аст, ки саҳми Пешвои миллат баҳри муайян кардан ва расидан ба ҳадафҳо, коркарду пешбурди усулҳои самаровар ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул дар сиёсати хориҷии мамлакат меҳвар ва муассир аст. Муҳиму беназир он аст, ки тавсеа ва тақвияти сиёсати хориҷии кишвари мо ба тахайюли коршиносону ба истилоҳ назарияпардозон рабте надошта, маҳсули фаъолияти пурмаҳсул, иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад…». Чунин оғоз гардидааст матлаби мазкур, ки хонанда имкон дорад давоми онро аз ин шумора мутолиа намояд.

Ҳамчунин дар ин шумора хонандагон метавонад  хабару гузоришҳоро доир ба самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ  ва  фарҳангию варзишӣ, инчунини маводро зери сарлавҳаҳои «Агар ба донишҷӯён имтиёз муқаррар гардад…», «Шоири асири шеъри сафед», «Маърифати экологӣ аз оила оғоз мешавад», «Ноширон бояд аз қоидаҳои чопи китоб бохабар бошанд»   мутолиа  намоянд.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №42 (20375), 12 октябри соли равон  дар баробари дигар нашрияҳо хабару гузоришҳоро оид ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат инъикос намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора зери сарлавҳаҳои «Роль Лидера нации в повышении статуса женщин»,  «XVI сессия Верховного Совета Республики Таджикистан и судьба таджикских женщих», «Он посвятил всю свою молодость…» ва ғайра мавод ба нашр расидаанд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар саҳифаи аввали шумораи №40  (1386),  12 октябр, чоршанбе, зери сарлавҳаҳои «Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони Бонки ҷаҳонӣ», «Иштирок дар вохӯрии ғайирасмии сарони кишварҳои аъзои ИДМ», «Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» матолиб нашр намудааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  нашр расидаанд.

Хонандагон ҳамзамон имкон доранд аз ин шумора матлабҳои ҷолиби «Меъёрҳои ахлоқи журналистӣ- яке ҷонибдору дигаре мухолиф», «Аз иҷлосия то Ваҳдат», «НБО Роғун барои садсолаҳо бунёд хоҳад шуд», «Хизмат ба ватан қарзи ҷавонмардист», «Овои фалак», «Зи наҳзат фақат наҳсӣ ояд бурун»-ро мутолиа намоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Октябрь 14, 2022 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид