Корвони хизматрасонии тавонбахшӣ ба маъюбони ноҳияи Лахш кумак расонид
ЛАХШ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Лахш маъракаи корвони хизматрасонии тавонбахшӣ ва таъминоти эҳтиёҷмандону маъюбон бо воситаҳои ёрирасон баргузор гардид, иттилоъ доданд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш.
Дар ин сафари кории намояндагони соҳаи тандурустӣ ва гузаронидани корвони хизматрасонии тавонбахшӣ ба эҳтиёҷмандони ноҳияи Лахш шаш адад аробачаи маъюбӣ, 20 адад асои дастӣ, ду адад ходунок, 10 ҷуфт асобағал, 15 адад асои то оринҷ ва дигар лавозимоти зарурии маъюбӣ туҳфа карда шуданд.
Ҳамчунин мутахассисони Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ» барои 5 нафар маъюб андозаи пойи сунъӣ ва пойафзоли махсуси маъюбӣ гирифтанд, ки рӯзҳои наздик омода намуда, ба онҳо тақдим мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи мазкур Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода, Директори генералии Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе Шерхон Каримов, намояндагони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, меҳмонону масъулон ва шахсони эҳтиёҷманд ширкат доштанд.
Корвони хизматрасонии тавонбахшӣ бо мақсади таъмини эҳтиёҷмандон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва баланд бардоштани сатҳи иттилооти кормандони шабакаҳои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, хизматрасонии тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб ҷиҳати фароҳам овардани шароит ба шахсони имконияташон маҳдуд доир гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш











Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






