Манучеҳр Шарифзода, муовини Вазири фарҳанг: Дар Бозиҳои 16-уми Делфӣ 160 нафар наврасони Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд

Октябрь 11, 2022 16:35

ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 14 то 18 октябр дар Тоҷикистон Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегузаранд. Дар он аз кишвари мо 160 нафар наврасони синни гуногун ҳунарнамоӣ менамоянд. Маросими ифтитоҳи Бозиҳои 16-уми Делфӣ 15 октябр, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад. Чунин иброз намуд ба АМИТ «Ховар» муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода.

«16 октябр ҳайати расмии иштирокчиёни ин ҳамоиш бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос мегарданд. Сипас дар ин макон бахшида ба 20-солагии Бозиҳои Делфӣ дар мавзӯи «Бистсолаи Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: таърих ва дурнамо» конференсияи байналмилалӣ доир мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид менамоянд. 17 октябр дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ доир мешавад, ки ҳайати меҳмонон аз он дидан менамояд. Инчунин дар ин рӯз, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими пӯшидашавии Бозиҳо доир мегардад. Дар назар аст, ки 18 октябр меҳмонон аз Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангӣ дар шаҳри Ҳисор дидан намоянд»,- иттилоъ дод номбурда.

Манучеҳр Шарифзода зикр кард, ки ғолибони Бозиҳои Делфӣ бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардида, ҳайати ҳакамон барои ҳунарнамоии арзанда иштирокчиёни алоҳидаро бо дипломҳо қадрдонӣ мекунанд.

«Ҷараёни баргузории Бозиҳо тавассути шабакаи телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои ҷаҳон инъикос мешавад. Ба кумитаи тадорукот муовини Сарвазири мамлакатМатлубахон Сатториён роҳбрӣ мекунад. Ба ҳайати кумитаи тадораукогт инчунин Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода(муовини Раиси кумитаи тадорукот,муовини Вазири фарҳанг ба ҳайсим котиби кумитаи тадорукот ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор шомил мешаванд»,- гуфт ў.

Ба гуфти Манучеҳр Шарифзода, масъулини Вазорати фарҳанг барои баргузории ин чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи баланд омодагӣ дидаанд, то он бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва хотирмон баргузор гардад. Инчунин аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии вазорат, ҳайати эҷодиву маъмурӣ ва мутахассисони соҳа ситоди корӣ ташкил гардидааст.

«Бозиҳо бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал аст, ки дар мамлакати мо гузаронида мешаванд. Масъулони баргузории ин чорабинии байналмилалӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ мебошанд. Тибқи қарори Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 18 декабри соли 2020, имсол чорабинии мазкур ба Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар ИДМ ва 20-солагии Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ бахшида мешавад»,- тазаккур дод ў.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки дар Бозиҳои Делфии имсола зиёда аз 500 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ аз рӯи номинаҳои фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, сарояндаи академӣ, сарояндаи халқӣ, сарояндаи эстрадӣ, рақси халқӣ, созҳои нафасӣ, созҳои халқӣ, ҳунарҳои мардумӣ иштирок менамоянд.

Тибқи иттилои муовини Вазири фарҳанг, ҳар номина дар муассисаҳои гуногуни фарҳангии мамлакат доир мешавад. Номинаи фортепиано ва сарояндаи академӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, номинаи скрипка дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З.Шаҳидӣ, номинаи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии бадеӣ дар Донишкади давлатии фарҳанг ва санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, номинаи созҳои нафасӣ ва сарояндаи анъанавӣ дар Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, номинаи сарояндаи эстрадӣ дар толори фарҳангии меҳмонхонаи «Серена», рақси халқӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва созҳои халқӣ дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев доир мегарданд.

Ба ҳайати ҳакамон қариб 35 нафар ходимони шинохтаи санъату ҳунари ИДМ шомил мебошанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар фарҳангшиносон ва санъаткорони варзида дар ҳайати ҳакамон дар даҳ номина иштирок мекунанд, ба монанди мусиқишинос Фирӯз Улмасов дар номинаи фортепиано, Элена Парманқулова дар номинаи скрипка, Мизроб Холов дар номинаи санъати тасвирӣ, Содиқ Нуруллоев дар номинаи сарояндаи академӣ, Фурқат Саид дар номинаи сарояндаи халқӣ, Зафар Абдуаллимов дар номинаи сарояндагӣ, Зебо Аминзода дар номинаи рақси халқӣ ва ғайра.

Қобили зикр аст, ки таърихи Бозиҳои Делфӣ аз соли 582 пеш аз милод ҳисоб карда мешавад. Номи пешинаи он Пиф буд. Беш аз 1600 сол пеш ин бозиҳо манъ гардида, танҳо аввали асри XX эҳё карда шуданд. Аз соли 1927 то 1930 дар Юнон ҷашнвораи Делфӣ баргузор шуд. Аммо Ҷанги дуюми ҷаҳон сабаб гардид, ки баргузории намоиши олии ҳунар қатъ шавад.

Давраи нави Бозиҳои Делфӣ соли 2000 оғоз ёфт ва бо иштироки 27 давлат дар Россия аввалин Бозиҳои Делфии ҷаҳонӣ баргузор гардиданд. Дар он аз рӯи 18 номина 938 нафар ширкат варзида, доварон намояндагони 13 кишварро дар бар гирифтанд.

То имрӯз 14 Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шудаанд. Танҳо дар даври хотимавии чорабиниҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷавонписарон ва духтарони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ ширкат варзиданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 11, 2022 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад