НАТИҶАИ АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «КОРД». Дар Душанбе содиршавии ҷинояти гурӯҳӣ бо истифодаи яроқи сард ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи 9 моҳи соли равон содиршавии ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон дар шаҳри Душанбе коҳиш ёфтааст. Дар ин муддат дар пойтахт содиршавии ҷинояти гурӯҳӣ бо истифодаи яроқи сард умуман ба қайд гирифта нашудааст, ки ин натиҷаи хуби баргузории амалиёти шартии «Корд» мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.
7 октябр дар Раёсати ВКД ҷаласаи фаврӣ-хизматии мақомоти милитсияи пойтахт оид ба натиҷагирии фаъолияти милитсияи шаҳри Душанбе дар давраи 9 моҳи соли равон таҳти роҳбарии сардори Раёсат Бароталӣ Ҳамидзода баргузор гардид.
Дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои пешгирикунанда, санҷишу амалиёт ва мулоқоту суҳбатҳои судманд содиршавии ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, аз ҷониби ноболиғон 94 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 адад ва ё 30,8% кам мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди пойтахт ҷинояткорӣ миёни ҷавонон низ ба андозаи 18,2% коҳиш ёфтааст, ки ин аз баланд гардидани маърифати ҳуқуқиву шаҳрнишинӣ ва маданияту фарҳанги шаҳрдорӣ миёни ин табақаи пешбарандаи ҷомеа шаҳодат медиҳад.


Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таваққуфи нодуруст дар қатори дуюму сеюми роҳ ва ба ин тартиб ба таври сунъӣ ба миён овардани танбашавии воситаҳои нақлиёт ва дигар мушкилоти ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати сари вақт бартарафсозии онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АКС: РВКД дар ш. Душанбе








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






