ОФАРИН! Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт

Октябрь 10, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври ниҳоии  марҳилаи интихобӣ наврасони мо бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Голҳои Беҳрӯз Хуҷаев ва Диловари Ҷамшедзода ба дастаи мо се имтиёз оварданд.

Бояд гуфт, ки ба ҷуз аз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи мунтахаби Афғонистон низ аз гурӯҳи “H” ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола

Гурӯҳи «Н». Даври 3

ТОҶИКИСТОН — Афғонистон — 2:0

Голҳо: Беҳрӯз Хуҷаев, 21 (1:0). Диловари Ҷамшедзода, 80 (2:0).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шаҳбон Наимов (Тоҷикистон).

9 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 3500 тамошобин.

 

Акс: ФФТ

 

Октябрь 10, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд