Президенти Тоҷикистон даъват намуданд, ки талошҳо дар мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ дучанд карда шаванд

Октябрь 14, 2022 13:15

ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки талошҳои муштарак дар самти мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ дучанд карда шаванд. Дар ин бора Пешвои миллат дирӯз, 13 октябр дар Остона дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) изҳор доштанд.

«Ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, чун пештара, миқёси афзояндаи терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ таҳдид мекунанд. Зарурати афзоиш додани талошҳои муштарак дар мубориза бо ин чолишу таҳдидҳо, инчунин ҳамоҳангсозии корҳо ҷиҳати таҳкими сулҳ, субот ва амният ба миён омадааст»,-гуфтанд Сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Тоҷикистон иштирокчии фаъоли муколамаи ҷаҳонӣ оид ба амният дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ маҳсуб мешавад. «Дар асоси таҷрибаи андӯхта дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ мо Стратегияи нави мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва қабул намудем»,- зикр намуданд Пешвои миллат. Сарвари давлат оид ба баргузории Конфронси сатҳи баланд дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм, ки ҳамроҳ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ доир мегардад, иттилоъ доданд.

«Мо ба иштироки фаъолонаи намояндагони воломақоми кишварҳои узви МҲТБО дар баррасии масъалаҳои амнияти сарҳадӣ дар заминаи мубориза бо терроризм умед мебандем»,-иброз намуданд Роҳбари давлат.

Ёдовар мешавем, ки 18-19 октябр дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд- «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи амнияти марз ва назорат барои мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористон» баргузор мегардад. Конфронс идомаи мантиқии «Раванди Душанбе» хоҳад буд, ки чор сол қабл-замоне, ки нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд- «Пешгирии терроризм ва экстремизми хушунатомез» (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гашта буд, доир шуд. 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди Раёсати мубориза бо терроризми СММ «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» баргузор гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2022 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Тоҷикон» ҳоло китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бонангу номуси миллати тоҷик мебошад»
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода мешавад
Академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори илм дар рушди ховаршиносӣ саҳми бузург гузошт
Дар ташаккули шахсияти академик Бобоҷон Ғафуров модари ӯ -шоираи номдор Розияи Озод нақши ҳалкунанда бозид
Пешвои миллат: «Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст»
Имрӯз дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад
Сарвари давлат: «Имрӯз мо шоҳиди уҳдадории дастаҷамъонаи бонкҳои байналмилалии рушд ҷиҳати суръатбахшӣ ба маблағгузории соҳаи обу иқлим гаштем»
Президенти Тоҷикистон: «Обанборҳои Тоҷикистон барои таъмини мунтазами давлатҳои минтақа бо оби корезӣ хизмат менамоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон соҳаи энергетикаро яке аз авлавияти стратегии худ медонад»
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 дар шаҳри Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам месозад
МО ВА ТАЪРИХИ МО. Давлати Сомониён чун намунаи ниҳоят назарраси давлатдории тоҷикон дар Осиёи Марказӣ шинохта шудааст