«РАВАНДИ ДУШАНБЕ». Намояндагони зиёда аз 50 кишвари узви СММ барои иштирок дар конфронси навбатӣ дархост ирсол намудаанд

Октябрь 17, 2022 09:24

ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Корҳои омодагӣ ҷиҳати баргузории Конфронси навбатии Душанбе — «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» бомаром идома доранд. То инҷониб намояндагони зиёда аз 50 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид аз гӯшаву канори ҷаҳон, инчунин роҳбарияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва дигар коршиносони байналмилалӣ, ки дар самти мубориза бо терроризм ва мудирияти сарҳадот, аз ҷумла пешгирии ҳаракати террористҳо фаъолият мекунанд, барои иштирок дар конфронс дархост ирсол намудаанд. Мо, албатта, мунтазир ва омодаи таъмини иштироки фаъоли намояндагони кишварҳо, созмонҳо ва дигар алоқамандон мебошем»,- иброз намуд муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ Ҳотам Қурбонов.

Мусоҳиб хотирнишон сохт, ки конфронси дарпешистодаи Душанбе сеюмин чорабинии сатҳи баланд буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ дар яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз- мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар пойтахти кишвари мо баргузор мегардад.

«Тоҷикистон созмонҳои байналмилалию минтақавиро василаи муҳими муборизаи дастҷамъона бо хатару чолишҳои глобалии замони муосир медонад. «Солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ силсилаконфронсҳои сатҳи баландро бахшида ба мавзӯи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва пешгирии омилҳои гуногуни он, аз ҷумла сарчашмаҳои маблағгузории терроризм баргузор кардааст. Ҳамин буд, ки аз натиҷаҳои ин ҳамоишҳо «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» оғоз гардид. Дар ҷараёни ҷаласаҳои мавзӯии конфронс бо дарназардошти аҳаммияти тақвияти иқтидори ҳимоявии сарҳади давлатӣ мо тасмим гирифтем, ки бахши алоҳидаро дар мавзӯи “сафарбаркунии захираҳо” бо иштироки намояндагони кишварҳои донор ва институтҳои байналмилалии молиявӣ баргузор намоем.

Дар ҳошияи конфронс инчунин чорабинии канорӣ бахшида ба таҷрибаи марбут ба кишвари мо, ки дар минтақа аввалин шуда Стратегияи идоракунии сарҳадотро қабул намудааст, ташкил мегардад. Чунин ҷаласаҳои канорӣ инчунин аз ҷониби шарикони мо – ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ташкил хоҳанд шуд. Меҳвари ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро сиёсати «дарҳои боз» ташкил медиҳад. Ин яке аз дастовардҳои бузурги кишвари мо дар замони соҳибистиқлолист»,-илова намуд Ҳотам Қурбонов.

Бино ба гуфтаи муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ, маҳз ҳамин сиёсат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, то кишвари мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар созад, балки дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд.«Натиҷаҳои босамари ин сиёсат ҳангоми роҳандозии ташаббусҳои кишвар дар бобати ташкилу мизбонии якчанд чорабиниҳои байналмилалии тахассусӣ борҳо таҷассум ёфтаанд. Баргузории нишасти навбатӣ дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе» ва азми қавии намояндагону коршиносони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иштирок дар он гувоҳи эътирофи аҳаммияти ҷаҳонии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзу тақвияти сулҳу субот ва амният аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ мебошад»,-зикр намуд муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ Ҳотам Қурбонов.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Кумитаи тадорукоти конференсия

 

Октябрь 17, 2022 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Чин мулоқот намуд
ЭҲТИЁТ-КАФИЛИ АМНИЯТ. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ омили асосӣ барои ҳифзи ҷони инсон аст
Милитсияи шаҳри Душанбе беш аз 160 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандонро ошкор намуд
Дар Душанбе масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон баррасӣ гардид
Ҳамкории милитсия ва соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон тақвият меёбад
ТАРМАФАРОӢ. Дар Тоҷикистон фаромадани тарма аз нимаи моҳи декабр то моҳи апрел дар назар аст
Соли 2026 дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоати шаҳри Ҳисор масъалаи пешгирии ноболиғон аз ҷинояткорӣ баррасӣ карда шуд
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба масоили марбут ба амнияти давлат ҷаласа доир шуд