Роҳбарони кишварҳои ИДМ барномаи нави мубориза бо терроризмро барои солҳои 2023-2025 тасдиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони кишварҳои ИДМ дар Остона барномаи мукаммали мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2023-2025-ро тасдиқ мекунанд. Дар ин бора ёрдамчии президенти ФР Юрий Ушаков дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Тасдиқи барномаи навшудаи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2023-2025 дар назар аст»,-гуфт Ушаков.
Намояндаи Кремл гуфт, ки аз рӯи натиҷаҳои Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ҳамчунин дар назар аст, ки қарор дар бораи мақоми нозири Иттиҳод дар СААД қабул карда шавад. Ба ғайр аз ин дар назар аст, ки созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо коррупсия ба имзо расад. «Дар назар аст, ки созишнома дар бораи ташкили Шӯрои машваратии роҳбарони мақомоти интихоботии давлатҳои узви ИДМ ба имзо расад»,-иброз намуд Ушаков.
Ёрдамчии президенти ФР изҳор дошт, ки якчанд санадҳо қабул карда мешаванд. «Дар маҷмӯъ, тақрибан 17-18 ҳуҷҷат хоҳад буд. Умедворем, ки роҳбарон онҳоро мепазиранд», — афзуд ӯ.
АКС: ИЗВЕСТИЯ/Павел Бедняков








НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»






