Саъдӣ Қодирзода дар ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ иштирок намуд

Октябрь 28, 2022 11:03

ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода 26 октябр дар ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои мудирони бонк дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур хабар доданд.

Зимни ҷаласа зикр гардид, ки таҳкими пайвастаи муносибатҳо ва ҳамкории сармоягузориву инфрасохторӣ дар доираи Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ ба таъмини рушди мутавозин ва устувории кишварҳои аъзо мусоидат мекунад.

Ҷаласаи солонаи бонк бо иштироки беш аз 220 намоянда аз кишварҳои узви Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ баргузор гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории судманд миёни Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои афзалиятнок тавсеа ёфта, ташаббусҳо ва лоиҳаҳои нав боз ҳам фаъол мегарданд.

Дар фарҷоми ҷаласа иброз гардид, ки ҷаласаи 8-уми солонаи бонк 25-26 сентябри соли 2023 дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб баргузор мегардад.

Бояд зикр намуд, ки Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ яке аз шарикони муҳими ҷумҳурӣ буда, дар доираи ҳамкории судманд бо ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ба маблағи беш аз 140 миллион доллар идома дорад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи авлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 28, 2022 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Вазъи кунунии паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
«Сомон Эйр» парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Ҷидда барқарор менамояд
Тақвияти ҳамкории доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид
Масъалаи содироти сабзавоту меваи Тоҷикистон ба вилояти Свердловск баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид