Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз ҳамватанон даъват намуд, ки танҳо ба маълумоти расмӣ таваҷҷуҳ намоянд

Октябрь 4, 2022 08:44

ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз ҳамватанон даъват ба амал овард, ки ба маълумоти бардурӯғ ва беасос вобаста ба даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Федератсияи Россия, аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар накунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар доданд.

«Шаҳрвандони мо бояд ба маълумоти бардурӯғ ва беасосе, ки аз ҷониби шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои иғвоангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Федератсияи Россия, аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегарданд, бовар накунанд. Танҳо ба маълумоти расмӣ таваҷҷуҳ намоянд», — таъкид намуданд дар Сафорат.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, сафорати Россия дар Душанбе низ паёмҳо дар бораи даъвати муҳоҷирон ба хидмати низомиро қалбакӣ номид.

Паёмҳо дар бораи даъвати хидмати низомии муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Россия тақаллубӣ буда, ба халалдор намудани робитаҳои Москва бо дигар кишварҳо нигаронида шудаанд. Дар ин бора дар изҳороти рӯзи якшанбе, 2 октябр нашрнамудаи сафорати Россия дар Тоҷикистон гуфта шудааст.

«Хабарҳои ба истилоҳ пайдошуда дар бораи даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Россия, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (барои мисол, фармонҳои қалбакии Вазорати корҳои дохилии Россия),- бофтаҳои дурӯғин мебошанд», — гуфта мешавад дар изҳорот.

«Онҳое, ки ин гуна паёмҳои бардурӯғро роҳандозӣ мекунанд, ҳадаф доранд муносибатҳои моро бо дигар давлатҳо тира созанд», — зикр  намуданд дар намояндагии дипломатӣ.

Сафорат аз шаҳрвандони хориҷии дар Россия буда, «аз ҷумла, тоҷикон даъват ба амал овардааст, ки ба иғвоҳои мухталиф дода нашаванд ва танҳо ба маълумоти расмӣ таваҷҷуҳ намоянд».

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Октябрь 4, 2022 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд