Савдои электронӣ — самти муосири амалиёт дар фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисоди рақамӣ

Октябрь 26, 2022 09:39

ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 12 октябр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ ёфт. Доир ба ҳадафи қабули қонуни мазкур ва шарҳи самтҳои фарогири он хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло САИДЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

Мақсади асосии қонуни мазкур ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни савдои электронӣ буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин самт танзим намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни савдои электронӣ, инчунин таъмини фаъолияти онҳо равона гардидааст», — тазаккур дод Изатулло Саидзода.

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои банди 2 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018 тасдиқ гардидааст, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ»-ро таҳия намуд. Лоиҳа аз муқаддима, 7 боб ва 23 модда иборат буда, бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, танзими ҳуқуқии савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми қонунгузории ватанӣ таҳия гардидааст.

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла идоракунии давлатӣ дар самти савдои электронӣ; тартиби барасмиятдарории аҳд дар савдои электронӣ; шахсоне, ки савдои электрониро ба амал мебароранд; ташкили мубодилаи ҳуҷҷати электронӣ ҳангоми барасмиятдарорӣ ва анҷом додани аҳдҳои электронӣ ва таъмини  бехатарӣ дар савдои электрониро дар самти савдои электронӣ танзим менамояд.

Изатулло Саидзода доир ба он ки иштирокчиёни савдои электронӣ киҳо мебошанд, зикр кард, ки мувофиқи моддаи 5 лоиҳа фурӯшандагони мол, кор ва хизматрасониҳо; харидорони мол, кор ва хизматрасониҳо; миёнаравони иттилоотӣ ва дигар миёнаравон иштирокчиёни савдои электронӣ маҳсуб мешаванд. Вазифаи қонун, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқии фаъолияти савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки амали қонуни мазкур нисбат ба хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасониҳо, ки бо истифода аз шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва расмиёти электронӣ ба амал бароварда мешавад, татбиқ мегардад, ба истиснои чунин аҳдҳо — аҳдҳое, ки тасдиқи ҳатмии нотариалӣ ё бақайдгирии давлатиро талаб менамоянд; аҳдҳое, ки дар бозори суғурта ва коғазҳои қиматнок баста мешаванд; объектҳое, ки аз муомилоти гражданӣ бароварда ё маҳдуд шудаанд.

Истифодаи механизмҳои савдои электронӣ чунин афзалиятро дорост, ба мисли фаврият дар дастрасӣ ва қабули иттилоот; хароҷоти ночиз  вобаста ба мубодилаи иттилоот; мол, кор ва хизматрасониҳо оммавӣ мешаванд, ки ин ба манфиати харидорон аст; иттилооти харидорон дар бораи мол, кор ва хизматрасониҳо зиёд мегардад; имконияти интихоби хариди мол, кор ва хизматрасониҳо зиёд мегардад; ҳаҷми муомилоти мол, кор ва хизматрасониҳо аз ҳисоби зиёд шудани савдои электронӣ ва миёнаравони иттилоотӣ зиёд мегардад; нишондиҳандаҳои фарогирии нуқтаҳои аҳолинишин бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин ҳиссаи одамоне, ки аз кортҳои бонкӣ истифода мебаранд, афзоиш меёбад; шароит барои рақобати самараноки субъектҳои соҳибкорӣ дар бозорҳои дохилӣ бо усулҳои инноватсионии тиҷорат вусъат меёбад; имконияти нав барои истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ – хариди электронӣ фароҳам меояд; монеаҳои нолозими маъмурӣ бартараф ва ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.

Афзалияти савдои электронӣ барои истеъмолкунандагон  фаоълнокии шабонарӯзӣ; дастрасии баробари ҷуғрофӣ; имконияти баҳодиҳии ширкати истеҳсолкунанда; имконияти баҳодиҳии маҳсулот; имконияти баҳодиҳии маркази савдо; имконияти сарфа кардани вақти худ; мустақилият дар мавриди хариди маҳсулот ва махфияти харидҳоро дар бар мегирад.

Соҳаи соҳибкорӣ ва рушди он яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, нақши соҳибкорон дар пешрафти мамлакат барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолӣ, суботи молиявӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ назаррас мебошад. Савдои электронӣ самти муосири амалиёт дар фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар устувории гузаштан ба иқтисоди рақамӣ нақши бориз хоҳад дошт.

 София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 26, 2022 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд