Таҷлили ҷашни Меҳргон ба рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 08.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди Меҳргон ҳамроҳ бо Фестивал-намоиш маҳсулот ва техникаҳои кишоваразӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Дар ин робита президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ АСОЗОДА ба АМИТ «Ховар» оид ба моҳияти ин ҷашни ниёгон изҳори андеша намуд.
«Тибқи муқаррароти солшумории шамсӣ, Меҳргон аз замони салтанати сулолаи Каёниён сарчашма мегирад, ки он ба рӯзи шонздаҳуми Меҳргон, яъне моҳи октябри солшумории милодӣ рост меояд. Аз он дам ҳамасола ниёгони мо ин рӯзро чун тантанаи сулҳу осоиш, намоиши ранҷи кашидаи деҳқон, анҷоми корҳои барзгарон, пастравии гармии Офтоб, коҳиши нумӯи табиат, фарорасии айёми хазонрез таҷлил менамудаанд, ки он шаш рӯз идома меёфтааст», —гуфт Нуралӣ Асозода.
Президенти АИКТ таъкид намуд, ки яке аз оинҳои ҷашни миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷамъбаст ва натиҷагирии фаъолият аз соли гузашта мебошад.
«Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз Меҳргон то Меҳргон фаъолияти пурсамар намуда, ба дастовардҳои баланди илмӣ ноил мегарданд. Аз ҷумла, соли гузашта олимони АИКТ ба Комиссияи давлатии озмоишии навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 навъи нави зироатҳои серҳосили кишоварзиро барои омӯзишу минтақабобгардонӣ супурданд. Ҳамчунин татбиқи дастовардҳои илмӣ васеъ гардида, кишти навъҳои зироатҳои офаридаи олимон мутаносибан аз 45 то 80 дарсади майдонҳои кишти ҷумҳуриро дар бар гирифт. Дар зерташкилотҳои АИКТ зиёда аз 2,5 ҳазор тонна тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ ва зиёда аз 150 ҳазор воя ваксинаю доруҳои химиотерапевтии байторӣ истеҳсол гардида, ба хоҷагидорон дастрас шуданд», -тазаккур дод ў.
Нуралӣ Асозода гуфтаҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ҷашни Меҳргон ёдовар шуданд, ки он кас таъкид намуданд «баргузории чунин ҷашнҳо танҳо ба хотири ҷашн набуда, таҷлили ин санаҳои муҳим таҳлили ҳамаҷонибаи соҳаро фаро гирифта, ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта мусоидат намуда, моро барои хулосабарорӣ барои рушди бештари он таҳрик созад».
«Ҳамин таъкидҳои Пешвои миллат аст, ки кишоварзон ҳар порча замини зархези диёри биҳиштосоямонро самараноку оқилона истифода мебаранд. Онҳо заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро бо тавсияи судманди олимону мутахассисони соҳа давра ба давра ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, аз он ҳосили дилхоҳ рӯёнда истодаанд, ки барои рушди муттасили соҳа мусоидат менамояд»,-илова кард доктори илмҳои кишоварзӣ.
Ба гуфтаи коршинос, сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз сарулибоси идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик менамудаанд.
«Суфраи Ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва маводи хушбӯй, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. Хулоса, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст», -тазаккур дод ў.
Ёдовар мешавем, ки ҳар сол бо назардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар идгоҳҳо намоишгоҳи анвои гуногуни меваю сабзавот, мураббову шириниҳо, шарбату оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мегарданд.
Акс: бойгонии АМИТ «Ховар»











«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия мегардад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид






