ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, якшанбе, 289-умин рӯзи соли 2022 аст

Октябрь 16, 2022 08:00

16 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштараки президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.

***

8 сол пеш, 16 октябри соли 2014 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии «United World» мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон посух доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ намуданд.

16 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон -Рӯзи кинои тоҷик.

 ***

Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ.

 ***

Рӯзи ҷаҳонии нон.

 ***

Рӯзи умумиҷаҳонии анестизиологҳо.

РӮЙДОДҲО:

16 октябри соли 2013 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи саноатии «Суғд Пак» ба кор дароварда шуд.

***

16 октябри соли 2013 масоили вақт ва дурнамои  рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ шуданд.

***

16 октябри соли 2014 дар Остона Конфронси илмӣ-амалии байналмилалии «Амнияти иттилоотӣ дар дурнамои стратегияи «Қазоқистон -2050» баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар Душанбе ҷаласаи мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия баргузор гардид.

***

Соли 1930 шумораи нахустини рӯзномаи «Moscow News» ба забони англисӣ  нашр гардид.

Октябрь 16, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш