Тоҷикистон ва Беларус метавонанд корхонаи васлнамоии мошинҳои «БелАЗ» таъсис диҳанд
ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазирони саноати Тоҷикистон ва Беларус Шералӣ Кабир ва Александр Рогожник дар Душанбе масъалаи таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ барои васли мошинҳои худпарто (самосвал)-и «БелАЗ»-ро баррасӣ карданд. Дар ин бора дирӯз, 13 октябр дар маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд.
«Зарурати ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, металлургӣ, химиявӣ, сабук ва хӯрокворӣ, ки захираҳои калон доранд, зикр карда шуд. Аз ҷумла, масъалаи таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ доир ба васли мошинҳои гаронвазни тамғаи «БелАЗ» баррасӣ шуд»,- гуфта шудааст дар иттилоия.


11-12 октябр дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи корхонаҳои истеҳсолии Беларус баргузор гардид, ки дар он, аз ҷумла, маҳсулоти навтарини ширкати «БелАЗ» ба намоиш гузошта шуданд. Ҳайати вакилони ширкатро директори генералй Сергей Никифорович роҳбарӣ намуд. ДАР АКС аз боло: муҷассамаи мошини самосвали «БелАЗ 540А» дар даромадгоҳи НБО «Норак»- яке аз рамзҳои ин сохтмони азими асри 20. Дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Норак», ки дар ИДМ калонтарин буда, даҳ сол идома ёфт, таҷҳизоти заводи Беларус фаъолият менамуд. Ин завод то имрӯз ба Тоҷикистон таҷҳизот таҳвил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






