«ҲУҚУҚИ КӮДАК ВА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ОН ДАР ОИЛА». Дар Душанбе баҳри ҳимояи манфиатҳои кӯдакон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар мавзӯи «Ҳуқуқи кӯдак ва таълиму тарбияи он дар оила» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова хабар дод.
Дар ҳамоиш мутахассисони бахши хуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, омӯзгорон, равоншиносон, табибон ва коршиносону мухаққиқон ширкат варзиданд.
Зикр шуд, ки ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дошта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
«Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст»,-иброз дошт Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова.
Зикр шуд, ки ҳадафи ҳамоиш- ҳимояи манфиатҳои кӯдакон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии онҳо, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатӣ, таъмини ҳаёти осоишта, риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар рӯҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Душанбе бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 26 июли соли 2021 тасдиқ гардидааст.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






