Вазири маорифи Беларус бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс ва ректорони муассисаҳои олии касбии ҷониби Ҷумҳурии Беларус ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ташриф оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Меҳмононро муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ва Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Қудрат Давлатзода истиқбол намуданд.
Ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмии донишгоҳ боздид ба амал оварда, бо имконияти мавҷуда ва дурнамои татбиқи иқтидори илмии донишгоҳ шинос шуданд.
Зикр шуд, ки иқтидори илмӣ – таҳқиқотӣ ва таълимии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ васеъ буда, дорои шароити хуби таҳсил ва омода намудани мутахассисони самтҳои гуногуни муҳандисӣ мебошад.
Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Иванетс Андрей Иванович ва ҳайати меҳмонон аз озмоишгоҳи истеҳсолии технологияи мошинсозӣ ва намоиши дастовардҳои факултети муштараки муҳандисӣ – технологии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дидан намуданд.


Баъд аз боздид вохӯрии Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён доир гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, табодули донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон, баргузории озмуну олимпиадаҳо, нашри мақолаҳои илмии ду ҷониб дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, баргузории симпозиуму конференсияҳо, такмили ихтисоси кормандон ва имконияти давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии тарафайн таъкид гардид.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад






