АҲОЛИИ ЗАМИН БА 8000000000 РАСИД. Дар Арманистон сокини ҳаштмиллиардуми сайёра таваллуд шуд

Ноябрь 16, 2022 11:41

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 15 ноябр дар таваллудхонаи Мартунии ноҳияи Гегаркуники Арманистон сокини 8- миллиардуми сайёраи Замин, духтаре бо номи Арпӣ ба дунё омад. АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки чунин маълумотро Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) нашр кардааст.

Тавре Артур Ҳованисян, мудири таваллудхонаи Мартунӣ ба хабарнигорон гуфт, Арпии навзод вазнаш 2,9 кг ва қадаш 49 см буда, волидонаш Карен Закарян ва Ани Кочарян дар деҳаи Тсовинари вилояти Гегаркуник зиндагӣ мекунанд. Падараш дар хориҷа кор мекунад ва модараш хонанишин аст. Арпӣ дар ин оила фарзанди сеюм ва деринтизор аст. Ду фарзанди аввал писаранд.

ЮНИСЕФ таъкид кард, ки то ба 8 миллиард нафар афзудани аҳолии ҷаҳон марҳилаи таърихии рушди инсоният мебошад. Зикр карда мешавад, ки барои аз 7 миллиард ба 8 миллиард расондани аҳолӣ 12 сол зарур буд. Тибқи пешгӯиҳои СММ, шумораи аҳолии ҷаҳон то соли 2037 ба 9 миллиард мерасад. Аммо Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) иттилоъ медиҳад, ки суръати умумии афзоиши шумораи одамон дар рӯи Замин коҳиш меёбад. Аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки сатҳи таваллуд паст аст. Афзоиши аҳолӣ асосан аз ҳисоби кишварҳои камбизоаттарин, бахусус давлатҳои Африқо, ки дар ҷануби биёбони Сахара ҷойгиранд, сурат мегирад.

Пас аз афзоиши назарраси аҳолӣ дар миёнаҳои асри 20 суръати афзоиш то андозае суст шуд. Тибқи омори Созмони Милали Муттаҳид, барои гузаштан аз марзи 9 миллиард шояд 15 сол лозим шавад ва инсоният шояд то соли 2080 интизор шавад, то аҳолии сайёра ба 10 миллиард расад.Созмони Милали Муттаҳид гузориш медиҳад, ки ҳисоб кардани шумораи дақиқи одамон дар ҷаҳон хеле душвор аст, ҳангоми ҳисоб кардан шумо метавонед як ё ду сол хато кунед, аммо ҳадди ақалли убури аҳолии сайёра аз 8 миллиардро 15 ноябр зикр карда буд. Солҳои қаблӣ СММ кӯдаконеро сабти ном мекард, ки расман панҷ, шаш ва ҳафт миллиардуми ҷаҳон маҳсуб мешуданд.

Матей Гаспар 11 июли соли 1987 дар Загреб таваллуд шуда, 5- миллиардумин нафар дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ӯ оиладор аст ва ба ҳайси муҳандиси кимиё кор мекунад, аммо аз мусоҳиба худдорӣ мекунад ва аз суҳбат бо Би-би-сӣ саркашӣ кардааст. Аз рӯзи таваллуди ӯ аҳолии рӯи Замин боз 3 миллиард нафар афзуд.

Аднон Мевичи 23-сола аз Босния ва Ҳерсеговина шахси 6- миллиардум маҳсуб мешавад. Ӯ дараҷаи магистри риштаи иқтисодӣ дорад ва ҳоло дар ҷустуҷӯи кор аст. Дар Сараево бо модараш Фотима зиндагӣ мекунад. Аднон ёдовар мешавад, ки сиёсатмадорон ҳамеша дар зодрӯзаш ба дидани ӯ меомаданд. Бо шарофати он ки ӯ 6- миллиардумин нафар дар ҷаҳон аст, дар синни 11-солагӣ бо идеали худ- футболбоз Криштиану Роналдо вохӯрд.

Садия Султон Оишаи 11-сола, ки дар Бангладеш зиндагӣ мекунад, сокини 7-миллиардуми рӯи Замин маҳсуб мешавад. Вақте ки баъди таваллуди духтарашон онҳоро рӯзноманигорони телевизион ва мақомоти маҳаллӣ иҳота карданд, аҳли оила ҳайрон шуданд.

Се муассисаи асосие, ки пешгӯиҳои аҳолии ҷаҳонро таҳия мекунанд, Созмони Милали Муттаҳид, Институти андозагирӣ ва арзёбии саломатӣ (IHME) дар Донишгоҳи Вашингтон ва Маркази IIASA Витгенштейн оид ба демография ва рушди глобалии инсонӣ дар Вена мебошанд. Тибқи маълумоти СММ, шумораи аҳолии ҷаҳон дар солҳои 2080-ум ба 10,4 миллиард нафар мерасад ва тибқи пешгӯиҳои IHME ва IIASA-Витгенштейн, шумораи аҳолии ҷаҳон пештар, дар солҳои 2060-2070 ба 10 миллиард нафар мерасад.

Ёдовар мешавем, ки 23 июли соли 2022 дар Тоҷикистон сокини 10-миллионумини кишвар ба дунё омад, ки вай писар буда, вазнаш 3 килою 250 грамм ва қадаш 50 сантиметр аст ва ба кӯдак Фирдавс ном ниҳоданд. Ӯ дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Шаҳрванди 10-миллионуми Тоҷикистон фарзанди нахустини хонаводаи муҳоҷири корӣ ва хонанишин, сокинони яке аз навоҳии пойтахти ҷумҳурӣ мебошад

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 16, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст