«ҲАФТ АХТАР». Дар Хуҷанд Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ оғоз ёфт, ки то 7 ноябр идома мекунад. Намоишҳои театрҳои касбии вилоятӣ ҳар рӯз соати 16:00 баргузор мешаванд. Дар ҷамъбасти фестивал-озмун се театри беҳтарини вилоят интихоб карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати фарҳанги вилоят иттилоъ доданд.
Илова бар ин, ғолибони номинаҳои “Кори беҳтарини коргардонӣ”, “Нақшҳои беҳтарини мардона ва занона”, “Беҳтарин ороиши мусиқӣ”, “Беҳтарин тарҳрезӣ”, “Беҳтарин драматург” ва “Беҳтарин намоиши лӯхтак” эълон мешаванд.
Фестивал-озмун бо намоиши «Табиби паррон» аз рӯи пйесаи Молер кушода шуд.
1 ноябр ҳунармандони Театри русии драма ва мазҳакаи ба номи А.С. Пушкини шаҳри Бӯстон спектакли «Зиндагӣ кардан мехоҳам»-ро аз рӯи пйесаи Р. Мелников намоиш доданд.
2 ноябр, соати 16:00 ҳунармандони Театри узбекии драмаи мусиқии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен спектакли «Меҳри модар»-ро аз рӯи асари Кароматулло Мирзоев намоиш доданд.
3 ноябр, соати 16:00 Театри тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назарови Хуҷанд спектакли «Гулҳои паси панҷара»-ро аз рӯи асари Толиб Озарахш намоиш медиҳад.
Спектакли «Дӯсти нодон» аз рӯи асари Ҷумъа Қуддус 4 ноябр дар Театри лӯхтаки шаҳри Бӯстон ба намоиш гузошта мешавад.
5 ноябр ҳунармандони Театри драмаи мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт бо спектакли «Такдир» аз рӯи асари Нарзулло Шарифов маҳорати худро намоиш медиҳанд.
6 ноябр Театри драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом спектакли «Қорӣ Ишкамба»-ро аз рӯи асари Садриддин Айнӣ ба намоиш мегузорад.
Маросими пӯшидашавии фестивал-озмун ва эълони ғолибон 7 ноябр – дар Рӯзи театри тоҷик дар назар аст.
Ҳамаи дӯстдорони санъати театрӣ ба тамошои намоишҳо даъват карда мешаванд. Даромадан ройгон аст.
Фестивал-озмун бо ташаббуси Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






