АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ТУРКИЯ. Шаш нафар кушта, беш аз 80 нафар маҷрӯҳ шудаанд

Ноябрь 14, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 14.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Туркия нафареро боздошт кард, ки гумон меравад дар кӯчаи Истиқлоли ноҳияи Бейоғлуи Истанбул бомба гузоштааст ва он рӯзи якшанбеи 13 ноябр таркиш ба амал овард.   Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора Вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу иттилоъ додааст.

“Нафаре, ки дар Бейоғлу бомба гузошта буд, аз ҷониби Раёсати амнияти Истанбул боздошт шуд. Ӯ мавриди  бозпурсӣ қарор дорад», — гуфт ӯ ба хабарнигорон. Навори суханронии ӯ дар саҳифаи Twitter  нашр шудааст. Сойлу гуфт, ки мақомоти тафтишотӣ  далелҳое дар даст  доранд, ки изи ҳамлаи террористӣ ба Сурия мебарад ва ба он гурӯҳҳое ҳамроҳанд, ки аз ҷониби Анқара террористӣ эътироф шудаанд. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ӯ, то кунун беш аз 20 нафар, ки эҳтимол дар ин ҳамла даст доранд, боздошт шудаанд.

«Тибқи арзёбии мо, фармон барои анҷом додани ҳамлаи террористӣ аз Кобани расида ва иҷрокунандаи ҳамла аз Африн омадааст», — гуфт вазир. Кобани ва Африн- шаҳрҳое дар шимоли Сурияанд, ки дар он ҷо фаъолияти Ҳизби коргарии Курдистон (PKK) ва «Неруҳои худдифои халқӣ» (НХХ) -и курдҳои суриягӣ мамнӯъ аст. «Хулосаҳои мо ба PKK/НХХ ишора мекунанд», — изҳор дошт вазир.

Тавре губернатори Истанбул Алӣ Йерликая дар  «Twitter»  хабар додааст, 50 зарардида пас аз табобат аз беморхонаҳо ҷавоб шуда, 31 нафар то ҳол таҳти назорати духтурон қарор доранд. Дар ин ҳамла 81 нафар ҷароҳат бардоштаанд. «Аз панҷ тане, ки дар вазнинхона қарор доранд, ду нафарашон дар ҳолати вазнинанд», — афзуд ӯ.

Нимаи дуюми 13 ноябр дар кӯчаи серодам ва миёни сайёҳон маъруфи Истиқлоли ноҳияи Бейоғлу таркиши пурқувват рух дод. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин таркиш шаш нафар кушта ва беш аз 80 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон қаблан гуфта буд, ки дар ин ҳодиса изи террористӣ вуҷуд дорад. Ноиби президенти ҷумҳурӣ Фуат Октай баъдан гуфт, ки маводи таркандаро як зан ба кор андохтааст.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа Мақсудова дар консулгарии генералии Тоҷикистон дар Истанбул (Туркия) хабар доданд, миёни қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар кӯчаи Истиқлол шаҳрванони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд.

Акс: AFP 2022

Ноябрь 14, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад