Ба нақшаи рушди буҷети Тоҷикистон барои солҳои наздик чӣ миқдор рақамҳо ворид шудаанд

Ноябрь 21, 2022 13:05

ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Ҳукумати Тоҷикистон 31 октябр лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025-ро, ки Вазорати молияи ҷумҳурӣ омода намудааст, маъқул донист.

Маҷлиси Ҳукумат таҳти раёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ баргузор шуд. Тавре Хадамоти матбуоти Президент хабар медиҳад, лоиҳаҳои пешниҳодшуда бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидаанд.

Мувофиқи лоиҳаи буҷет барои соли 2023 даромади давлатӣ 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки назар ба соли 2022 тахминан 12,3%, ё 4,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Илова бар ин қисми хароҷоти буҷети давлатӣ 38,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба даромадҳои пешбинишуда қариб 1 миллиард сомонӣ зиёдтар аст. Хароҷот барои соли 2023 13% ё ё 4,5 миллиард сомонӣ нисбат ба соли 2022 зиёд аст.

Нишондиҳандаҳои буҷети соли 2024 чунин аст- даромад 41,1 миллиард сомонӣ ва хароҷот 41,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудаанд.

Хароҷоти Тоҷикистон аз буҷети давлатӣ дар соли 2025 45 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба даромад тақрибан 1 миллиард сомонӣ зиёд аст. Пешгӯии даромади буҷет дар соли 2025 беш аз 43 миллиарду 994 миллион сомониро ташкил медиҳад. Касри буҷет аз рӯи нақша 977 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, кумакпулӣ ва дигар кумакҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шаванд.

Лоиҳаҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2022 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид