БОКС. Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё ҷои сеюмро гирифтанд

Ноябрь 11, 2022 10:55

ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс ҷои сеюмро гирифтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

10 ноябр дар шаҳри Аммони Урдун муҳорибаҳои даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс баргузор шуданд. Дар ин давр ду варзишгари мо – Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5кг аз Шива Тҳапаи ҳиндустонӣ ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92кг аз Камчибек Конкабаеви қазоқистонӣ мағлуб гардида, ҷои сеюмро касб карданд.

Баҳодур Усмонов дар даври аввал бар варзишгари Кувайт Нодир Бадрон, дар даври дуюм бар намояндаи Тайланд Сомчай Вонгсуван, дар чорякфинал бар варзишгари Туркманистон Хурсанд Имонқулиев пирӯз гардида буд.

Муҳаммад Аброриддинов сабқатро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Сурия Муҳаммад Млайес пирӯз шуд.

8 варзишгари дигарамон дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2022 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд