БАХШИШ УСУЛИ МАРДОН АСТ, НА АЗ НОТАВОНОН. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саркардаҳои ҷанги бародаркушро ба хотири мондагории миллату давлати тоҷикон авф карданд

Ноябрь 16, 2022 14:27

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бузурге фармуда: Бахшиш усули мардон аст, на аз нотавонон. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саркардаҳои ҷанги бародаркушро ба хотири мондагории миллату давлати тоҷикон авф карданд. Онҳоро ба хотири модари аз тифли навзоду писари ҷавонмаргаш маҳрумшуда, ба хотири тифли аз модару падари хеш ятиммонда ва дар маҷмӯъ ба хотири нону намаки ин миллати куҳанбунёду ҳифзи номуси миллӣ бахшиданд.

Чунин изҳори назар намуд декани факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер ҚОДИРЗОДА ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ таҷлил мегардад. Дар ин рӯзи фархунда дар баробари дигар хизматҳои мондагори Пешвои миллат месазад, ки аз авфу бахшояндагияшон низ ёд овард. Зеро он кас тайи беш аз сӣ соли сарварӣ борҳо нафарони зиёдеро авф кардаву бахшидаанд

Саволе ба миён меояд, ки дар он айёми ҷангҳои бародаркушӣ ва вазъияти мураккаби сиёсӣ Сарвари давлати мо киҳоро бахшиданд? Онҳоеро, ки ба ваъдаҳои хушку холии хоҷагони хориҷӣ дода шуда, қариб буд  миллатро ба парокандагӣ расонанд. Сухан аз боби ба қисмҳо тақсим намудани Ватан ва миллати тоҷик садо медод. Аммо ин ҳама бадбахтии ба амаломадаро Худованд тавассути як фарзанди ин диёр, заҳматпеша ва аз ғами халқу миллати хеш бохабар – Эмомалӣ Раҳмон бартараф намуду ба миллати тоҷик имкони ҳастӣ ва давлатдорӣ ато намуд. Эмомалӣ Раҳмон сарварест, ки 6 сол ҷони худро дар хатар монда, ҳайати мухолифинро ба имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ розӣ кунониданд.

Дар марҳилаи бисёр мураккаб ва сарнавиштсоз бо ибтикори неруҳои солиму дурандеш ҷиҳати наҷоти давлату миллат аз вартаи нестшавӣ аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даъват гардид. Дар раванди баргузории ин иҷлосия қарору санадҳои муҳиму сарнавиштсозе қабул гардиданд, ки баъдан дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон нақши таърихан бузург бозиданд.

Бояд зикр кард, ки қарори ниҳоят дурусту саривақтии ҳайати вакилони Иҷлосия- интихоби Раиси Шӯрои Олии кишвар ба ҳисоб мерафт, ки ҳалли масъалаҳои дигари ҷомеа ва давлат аз он вобастагии зиёд дошт. Ҳамин тавр, 19 ноябр тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд. Роҳи 30 соли тайнамудаи миллати тоҷик ва Тоҷикистон имрӯз бори дигар собит менамояд, ки қарори ҳайати Шӯро дуруст ва саривақтӣ буд. Дар муддати 30 соли сарварӣ ин фарзанди фарзонаи миллат тамоми ҳастии хешро ба таҳкими сулҳу субот, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ ва устувории пояҳои истиқлоли давлатӣ бахшиданд. 30 сол шуд, ки миллати сарбаланди тоҷик ба мисли Эмомалӣ Раҳмон сарвару соҳибе дорад, ки дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аз манфиатҳои эшон ҳимоят намуда, давлати моро чун ташаббускор дар ҳалли масоили мубрами глобалӣ муаррифӣ менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон

Баробари ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидан Эмомалӣ Раҳмон баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат бо шуҷоату далерӣ ва матонати беҳамто ба вазъи ногувор ва таҳдиди душманони дохиливу хориҷӣ нигоҳ накарда, ҷиҳати ба вуҷуд овардани боварӣ ва сулҳу субот талошҳои зиёд ба харҷ доданд. Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳи наҷоти миллату давлати тоҷиконро дар ба ҳам омадани ин миллат ва ваҳдати миллӣ медиданд ва барои дар амал татбиқ намудани ин заҳмати зиёд кашиданд. Роҳи сулҳу ваҳдати миллиро дар баргардонидани гурезагони иҷборӣ ва бахшиши ҳамдигар медиданд. Ба вазъи ногувори Афғонистон нигоҳ накарда, таклифи ҳайати мухолифинро ҷиҳати дар шаҳри Кобул ва деҳаи Хостдеҳ музокира намудан қабул карданд ва халқи муҳоҷиршудаи хешро дубора ба Ватан баргардониданд. Дар ин роҳ Эмомалӣ Раҳмон ҳамто надоранд.   Номуси баланди миллӣ ва ватандории ин чеҳраи мондагори миллат сабаб шуд, ки миллати пароканда сарҷамъ шаваду ба ояндаи хеш бо боварӣ нигарад.

Эмомалӣ Раҳмон–бунёдгузори истиқлолияти воқеии Тоҷикистон

Ҳарчанд Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 ба истиқлолият соҳиб шуд, вале таҷрибаи минбаъда нишон медиҳад, ки он воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ надошт. Агар истиқлолият имкону озодист, ин гуна арзишҳоро миллати тоҷик то баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва имзои созишномаи сулҳ истифода карда натавонист. Ҳифзи истиқлолият барои миллати тоҷик бисёр мураккаб афтод.

Танҳо пас аз интихоб ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия зарурати ташкили Ҳукумати нав бо аъзояш, ҳифзи тамомояти арзӣ, ташкили артиши миллӣ, ташкили комиссияи босалоҳият оид ба омода намудани лоиҳаи Конститутсия, қабули рамзҳои давлатӣ ва амсоли ин аркони муҳими давлатиро ба миён гузоштанд. Ин ташаббусҳо дар амал татбиқ шуданду Истиқлолияти давлатӣ аз зери хавфу хатар ва таҳдидҳои бемаҳал ҳифз карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон – Президенти мардумӣ

Таҳлили 30 соли фаъолияти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои асосии муваффақ гардидан дар роҳи таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватан- мардумӣ будани он кас аст. Калиди асосии муваффақияти Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ дар роҳи ба ҳам овардани миллат ва наҷоти давлати соҳибистиқлол аз байни халқ баромадан, дарди халқро эҳсос кардан ва ба халқ такя карданашон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми марҳалаҳои гуфтушунид бо ҳайати мухолифин дар самти ба вуҷуд овардани боварӣ ва сулҳу субот ба ягон гурӯҳи мушаххаси сиёсӣ ва қудратӣ хориҷӣ такя накарданд. Танҳо ба қувваи бузурге такя намуданд, ки халқ ном дорад. Маҳз аз дарди мардум бохабар будан ва бо халқ ҳамеша наздик будан ин абармарди саҳнаи сиёсатро муваффақу маҳбуб намуд. Воқеан барои халқи худ ва миллати сарбаланди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон маҳбубу азиз ва муқаддасанд. Миллати тоҷик бори дигар тавассути ин фарзанди фарзонаи худ ба қадри Ватандорӣ, истиқлолият, озодӣ ва ваҳдату ягонагӣ расид.

Имрӯз таҷрибаи сулҳофарии мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат барои тоҷикон ва ҷаҳониён нодир буда, дар мисоли худ ҳамто надорад. Зарур аст, ки ин мактаби бузург чун таҷриба дар роҳи устувории ваҳдату ягонагӣ ва истиқлоли давлатӣ самаранок истифода шаваду хусусияти он аз ҷониби коршиносон ба насли наврасу ҷавон ба таври мушаххас шарҳу тавзеҳ дода шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2022 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни тоҷик дар Русия дар ҷаласаи шурои маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд» иштирок намуданд
Хонандагони муассисаҳои таълимии Хатлон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ 987 медал ба даст оварданд
Байни институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба нақши иқтисоди даврӣ дар таъмини самараноки захираҳои табиӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир ба энергетика ва дурнамои рушд конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Вазорати маориф ва илм масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактаби баррасӣ гардид
ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон чанд рӯз ба таътил мебароянд?
Дар шаҳри Ҷинан мулоқоти намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Чин доир гардид
Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои табодули таҷриба ба Чин мераванд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд