«БОЛОИ ТОБУТАМ ПАРЧАМИ МИЛЛИИ КИШВАРРО ГУЗОРЕД!». Васияти фарзанди шуҷои миллат Шўҳрат Наҷмиддинзода, ки дар роҳи ҳимояи Ватан ҳалок гардидааст
ДУШАНБЕ, 24.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Писари ман пеш аз оғози амалиёти ҳарбӣ ба ҳамхизматонаш васият карда будааст, ки агар ман ҳалок гардидам, бо Парчами давлатӣ манаҳамро баста, ҳангоми дафн рӯи тобутам Парчами миллии кишварро гузоред, то ки аз дунё беармон равам. Ман барои ин сарзамин, ин Ватан –Модар, барои оромиву осудагии хоҳарам, бародарам, ҳамсоягонам, ҳаммиллатонам як ҷон не, сад ҷон агар медоштам, онро нисор мекардам». Бо ифтихор ёдоварӣ мекунад ин васияти ҷигарбандашро Момагул Мирзоева- модари фарзанди фарзонаи миллат, қаҳрамони содиқи Ватан, афсари шаҳидшудаи ҳодисаҳои рӯзҳои 14-17 сенятби соли равон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Шўҳрат Наҷмиддинзода.
«Ман бо ифтихор васияти писарамро ба ҷо овардам. Аз ҳукумати ноҳия хостам бароям иҷозат диҳанд, ки Парчами давлатиро ба рӯи тобути писари қаҳрамонам гузорам. Бачаи ман бо ҳисси ватандӯстию ифтихор, бо ҷасорату мардонагӣ марзи меҳанро ҳифз мекард, ҳамеша Парчами давлатиро дар ҷайби худ нигоҳ медошт, ки бароям ёдоварӣ кардан аз ин гуна сифатҳои ҷавонмардии писари қахрамонам мояи ифтихору шарафмандӣ аст. Зеро медонам, ки барои дифои марзу буми кишвар, иҷрои рисолати хеш, барои осудагии диёр чунин ҷоннисорӣ намудааст»,-мегӯяд модари қаҳрамони содиқи Ватан.
Момагул Мирзоева гуфт, ки худаш фарзандонашро баъди хатми донишгоҳ барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ карда буд.
«Вақте ки ду писарам бо дипломи олӣ ба хона баргаштанд, ба онҳо гуфтам, ки акнун бояд қарзи шаҳрвандии худро адо намоянд. Ҳамроҳи онҳо бо сари баланд ба ҳукумати ноҳия рафта, ба хизмати ҳарбӣ гуселашон намудам. Ҳарчанд, аллакай ду писари калонам корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буданд, ман хостам, ки дуи дигар низ дар хизмати Ватан бошанд»,-нақл мекунад ӯ.
Ба зикри Момагул Мирзоева, вақте писаронаш хурд буданд, шоҳиди ҳодисаҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд, медид, ки мардум чи қадар ранҷу азоб мекашиданд, ба ин хотир ҳам фарзандонро барои дифои Ватан, баҳри нигаҳбонии зиндагии орому осуда, сулҳу амонӣ гусел намуд.
«Вақте ки ҷавон хизмати Ватан кард, баъд мардбача мешавад. Аз ин рӯ тамоми ҷавонони кишвар бояд, дар зери Парчами давлатӣ сарҷамъ гашта, зери сояи он садоқатмандона ба Ватан хизмат намоянд. Зеро тавре Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад»,- таъкид кард Момагул Мирзоева.
Ёдовар мешавем, ки Шўҳрат Наҷмиддинзода зодаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон буда, соли 1989 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Оиладор, сохиби 1 фарзанд мебошад.
Номбурда собиқ корманди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда, давоми солҳои зиёд дар ин мақомот кору фаъолият кардааст. Санаи 16 сентябри соли равон ҷавонмарди далер ва асилу ватандӯст ҳангоми адои хизмати Ватан ҷавонмардона ҳалок гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






