Бунёди Сорос тасмим гирифтааст шуъбаи худро дар Тоҷикистон бандад

Ноябрь 28, 2022 10:21

ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Институти «Ҷамъияти Кушода» (Бунёди Сорос) аз тасмими бастани бахши маҳаллии худ — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар дод. Дар ин бора дар эълоне, ки дар сомонаи намояндагии ин фонд дар Душанбе нашр шудааст, гуфта мешавад.

Дар эълон, аз ҷумла омадааст:

«Шарикон ва ҳамкорони муҳтарам!

Ба маълумоти шумо мерасонем, ки баъди беш аз 25 соли фаъолият дар Тоҷикистон Бунёди «Ҷамъияти Кушода» дар бораи бастани Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ҳамчун натоиҷи дигаргунсозиҳои фарогир ва трансформатсияе, ки аз соли 2021 барои бозбинии авлавияти фаъолияти худ ва таҷдиди сохтори беш аз 20 бунёди миллии ниммустақил дар саросари ҷаҳон бо татбиқи муносибати нави минтақавӣ оғоз ёфта буд, тасмим гирифт.

Дар робита ба ин, Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон қабули дархостҳоро барои лоиҳаҳои грантӣ қатъ мекунад.

Уҳдадориҳои пардохтҳо дар чорчӯбаи грантҳои амалкунанда сари вақт иҷро карда мешаванд.

Барои ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум сипосгузорем!».

Бунёди Сорос — номи расмии Бунёди «Ҷамъияти Кушода» (Open Society Foundations, OSF) — шабакаи бунёдҳо, созмонҳо ва барномаҳои хайривиест, ки аз ҷониби миллионери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос таъсис ёфтааст (аввалин фонд — Open Society Fand, OSF — соли 1979).

Бунёд созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Amnesty International, Human Rights Watch, Корпуси Шафқат (Mercy Corps), Гурӯҳи байналмилалии буҳронро маблағгузорӣ мекунад.

Тибқи иттилои сомонаи OSF, Бунёд соли 2014 827 миллион доллар ва 32 соли охир 12 миллиард доллар харҷ кардааст, ки аз ин 1,6 миллиард доллар «ба рушди демократия» дар Аврупои Шарқӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ равона карда шудааст.

Соли 1997 мақомоти Беларус ташкилоти Соросро ба сарпечӣ аз пардохти андоз ва фурӯши ҳатмии асъори хориҷӣ айбдор карданд. Ба дунболи ин иттиҳом 3 миллион доллар ҷарима ва бастани ҳисобҳо дар Беларус сурат гирифт. Ҳамзамон мудири иҷроияи Бунёди Сорос дар Минск Питер Берн аз ин кишвар ихроҷ карда шуд. Ӯро ба он айбдор карданд, ки ба ҷои корҳои хайриявӣ ба фаъолияти мухолифӣ машғул буд. Дар натиҷа, тамоми сохторҳои марбут ба миллиардери амрикоӣ дар Беларус фаъолияти худро қатъ карданд.

Дар Россия Бунёди Сорос бо қарори Прокуратураи генералӣ аз соли 2015 созмони номатлуб эътироф шудааст. Бунёди мазкур дар қатори 11 ташкилоти ғайридавлатии байналмилалӣ, ба истилоҳ «стоп-листи патриотӣ», ки аз ҷониби Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ташкил гардид, шомил карда шуд.

Дар ҳамон сол ҳомиёни ҳуқуқи башари Россия аз эҳтимоли баста шудани ин бунёд дар кишвар ҳушдор дода буданд. Ин ба аз ҷониби Думаи давлатӣ қабул намудани ба истилоҳ «қонуни Дима Яковлев», ки мафҳуми «ташкилоти номатлуб»-ро ворид кард, вобаста буд.

Аммо «Ҷамъияти Кушода»-и Сорос фаъолияти худро дар қаламрави Россия ҳанӯз соли 2003 — пас аз шаш соли ифтитоҳи дафтари Россия маҳдуд карда буд. Он замон Бунёд додани грантҳоро боздошт ва бо кумаки сохторҳои дигаре, ки дар Россия таъсис ёфта буданд, ба кор шурӯъ кард.

Соли 2004 намояндагии Бунёди Сорос фаъолияти худро дар Тошканд низ қатъ кард: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон аз тамдиди сабти номи шуъбаи Бунёди Сорос дар Тошканд худдорӣ кард. Ба гуфтаи вазорат, маводи паҳнкардаи ин созмон «моҳият ва мундариҷаи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва иҷтимоию сиёсии дар Узбекистон ҷараёндоштаро» таҳриф намуда, ҳамчунин «сиёсати давлатро бадном кардаанд».

Моҳи майи соли 2018 Бунёди Сорос ҳатто дар Маҷористон, ки дар он ҷо хайрхоҳи маъруф ба дунё омадааст, баста шуд. Сабаби ин тасмими Сорос фишори сарвазири Маҷористон Виктор Орбан будааст.

«Қарор дар бораи интиқоли тамоми амалиёт аз Будапешт дар ҳоле қабул шудааст, ки ҳукумати Маҷористон маҳдудияти минбаъдаро барои ташкилоти ғайриҳукуматӣ тавассути лоиҳаи қонун дар бораи «боздоштани Сорос» омода мекунад», — иқтибос оварда буд изҳороти ташкилотро он замон Рейтерс.

Гап дар бораи лоиҳаи қонуни нав меравад – ҳукумати Маҷористон тасмим гирифт, ки назорат бар паҳншавии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар кишварро пурзӯр кунад ва ба ташкилоти ғайриҳукуматие, ки ба гуфтаи мақомот, ба муҳоҷирон дар убури давлат кумак мекунанд, 25% андоз ҷорӣ намояд. Яке аз аввалинҳо дар рӯйхати чунин ташкилот Бунёди Сорос буд, ки намояндагии он аз соли 1984 дар Маҷористон фаъолият мекард. Ин аввалин филиале буд, ки Сорос берун аз ИМА боз карда буд.

Дар ҳамин ҳол, ташкилоти Ҷорҷ Сорос дар саросари ҷаҳон фаъолият дорад. Бунёд дар зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон дорои намояндагӣ мебошад. Солҳои зиёд Бунёди Соросро ба дахолат ба сиёсати дохилии кишварҳое муттаҳам мекунанд, ки намояндагиҳояш дар онҳо боз аст. Ин, пеш аз ҳама, ба дастгирии ҳаракатҳои эътирозӣ вобаста аст.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии ин Бунёд гуфта мешавад, ки солҳои ахир барои пешбурди «рушди демократӣ» дар Аврупои Шарқӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз 1,5 миллиард доллар масраф шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 28, 2022 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд