Дар Бадахшон ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати Раиси вилоят Алишер Мирзонабот доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа, роҳбарони комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳо, сардорони идораву муассисаҳои дахлдор, мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Ҳамчунин ба ҷаласа сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Шариф Назарзода, прокурори вилоят, мушовири давлатии адлияи дараҷаи III Парвиз Орифзода, директорони Муассисаи давлатии «Мактаби президентии шаҳри Хоруғ» ва муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 28 ва 30-и ноҳияи Шуғнон даъват карда шуданд.
Мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ҳавобегим Сафарқулова роҷеъ ба фаъолияти Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти вилоят дар нуҳ моҳи соли равон иттилоъ дода, зикр кард, ки дар ин давра якҷо бо идораву муассисаҳои дахлдор, ташкилоти ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ ва соҳавӣ корҳои муайян анҷом дода шуданд.
«Тибқи нақшаи комиссияи мазкур танҳо дар шаҳри Хоруғ 17 маротиба санҷиши шабонарӯзӣ баҳри пешгирии шабгардии кӯдакону наврасон, инчунин истифодаи телефонҳои мобилӣ дар вақти дарс дар ҳамкорӣ бо шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РВКД ба роҳ монда шуда, аз натиҷаи он ба идораву муассисаҳои дахлдор гузоришҳои хаттӣ манзур гардиданд»,-тазаккур дод ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми нуҳ моҳи соли равон 6 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шуда, дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 312 нафар волидон ба маблағи беш аз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.
Сардори РВКД дар ВМКБ Шариф Назарзода дар робита ба ин масъала гуфт, ки «ошкору пешгирӣ намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ миёни ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дониста мешавад. Бо ибтикори роҳбарияти милитсияи вилоят ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои назаррас, чорабиниҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва маърифатӣ-профилактикӣ миёни наврасон дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ амалӣ карда шуданд».
Шариф Назарзода ҳамчунин ҷиҳати амалӣ намудани машғулияти алоҳидаи синфӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории ВНМО миёни ноболиғон таклиф кард, ки нисбат ба ин падидаи номатлуб чораҳои таъхирнопазирро амалӣ кардан зурур аст.
Дар ҷаласа ҳамзамон прокурори вилоят Парвиз Орифзода дар мавриди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маълумот дод. Мавсуф гуфт, ки қонуни мазкур моро водор месозад нисбат ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд уҳдадориҳои худро дучанд зиёд намоем.
Дар охири ҷаласа Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳо, комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъбаҳои маориф вобаста ба пурзӯр намудани чорабиниҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, пешниҳоди рӯйхати хонандагони душвортарбия аз оилаҳои носолим дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Акс: МИҲД ВМКБ










МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






