Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд

Ноябрь 12, 2022 10:04

ДУШАНБЕ, 12.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ/КБМ/ дар меҳвари мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва ноиби Президенти минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Шарқи Наздик, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон Ҳела Шейхроухи дар Душанбе баррасӣ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба БМТ.

Ҳоким Холиқзода таваҷҷуҳи намояндагони КБМ-ро ба масъалаҳои рушди самтҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили рушди бозорҳои молиявӣ, инфрасохтор, истеҳсолот, саноат, соҳибкории кишоварзӣ ҷалб намуда, гуфт, ки барои рушди ин соҳаҳо зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳии имтиёзноки дарозмуддат, бахусус ба бахшҳои соҳибкории хурд ва миёна, ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва махсусан занони соҳибкор муҳим аст.

Ҳоким Холиқзода нақши муҳими шарикони рушд, бахусус КБМ-ро дар таъмини рушди устувори низоми бонкии Тоҷикистон таъкид намуда, иброз дошт, ки дар айни замон иқтисоди Тоҷикистон бинобар вазъи мураккаби геосиёсӣ ба ҳамкории самаровар бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ ҳавасманд мебошад. «Бо назардошти он ки солҳои охир фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон густариш меёбад, барои мо масъалаи ба роҳ мондани муносибатҳои бевоситаи муросилотӣ муҳим аст. Дар ин самт ҳамкории мутақобилан судманди шарикони рушдро барои мусоидат дар ташкили муколама миёни ташкилоти қарзии Тоҷикистон ва бонкҳои Аврупо ва Амрико зарур шуморида, пешниҳоди тавсияҳоро дар ин самт истиқбол хоҳем кард», – таъкид намуд Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ноиби Президенти минтақавии КБМ дар Шарқи наздик, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон Ҳела Шейхроухи афзуд, ки «низоми бонкии Тоҷикистон сол то сол рушд намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодааст. КБМ нақша дорад дар татбиқи лоиҳаҳои зиёд дар Тоҷикистон саҳм гузорад ва доираи ҳамкории худро дар ин кишвари зебоманзар, ки дорои фарҳанги куҳанбунёд мебошад, амиқтар намояд. Тавре таҷрибаи чандсолаи ҳамкории дуҷониба нишон дод, БМТ дар рушди иқтисоди мамлакат нақши назаррас гузоштааст».

Ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи бештари ҳамкории техникӣ дар самтҳои рушди бахши суғурта, ҷалби мушовирони дарозмуддат дар бахши суботи молиявӣ, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилоти молиявии қарзӣ, аз ҷумла муайян, идоракунӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои молиявӣ, гузаронидани стресс-тестҳои фаъолияти бонкҳо ва низоми назорати бонкӣ дар доираи стандартҳои Базел, такмили методология ва истифодаи технологияҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот дар соҳаи низоми пардохт ибрози назар намуданд.

Инчунин масъалаҳои марбут ба таҳияи консепсияи ҷорӣ намудани рақами ягонаи мушаххаси бонкӣ, таъсиси Маркази байнибонкии мушаххаскунии назди БМТ, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати фаъолияти субъектҳои низоми пардохтӣ дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои пардохти фосилавӣ, дастгирии консепсияи пардохти ғайринақдӣ барои хизматрасониҳои давлатӣ, таҳияи заминаи меъёрӣ оид ба ҷорӣ намудани коммутатори ягона барои иштирокчиёни бозори пардохтро баррасӣ намуданд.

Дар мулоқот мусоҳибон ба рушди пардохти ғайринақдӣ дахл намуда, гуфтанд, ки сол то сол Тоҷикистон дар ин соҳа ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гашта, дар рушди иқтисодиёти кишвар натиҷаи мусбати худро гузошта истодааст.

Ҳоким Холиқзода ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкории судманд иброз намуда, гуфт, ки ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва тавсеаи низоми бонкии Тоҷикистон ташаббусҳои созандаи ин созмони бонуфузи ҷаҳониро дастгирӣ ва барои татбиқи он тадбирҳои судмандро амалӣ хоҳад кард.

Мусоҳибон инчунин ҳамкории дуҷонибаи БМТ ва КБМ, дурнамои рушди бахши молиявии кишвар, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши молиявии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мавриди назарро баррасӣ намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Ноябрь 12, 2022 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8500 то 10.9362 сомонӣ муқаррар шудааст
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1197 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8500 то 10.9425 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд