Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 18% афзуд

Ноябрь 3, 2022 12:21

ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли 2022 корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 30011,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 18,0 фоиз афзудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 7,4 фоиз, саноати коркард – 16,6 фоиз,  таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 16,2 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 8,7 фоиз ба амал омадааст.

Дар саноати истихроҷи маъдан дар моҳҳои январ – сентябри соли 2022 ба маблағи 6933,1 млн  сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ – сентябри соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 7,4 фоиз зиёд шудааст.

«Афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рўи намудҳои маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби маъданҳои филизӣ – 7,0 фоиз, ангиштсанг ва бур – 20,1 фоиз, ҳар гуна канданиҳои фоиданок – 3,0 фоиз мушоҳида мегардад. Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ – сентябри соли 2022  17726,6 млн  сомонӣ, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 6521,5 млн  сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ- 2774,4 млн  сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 264,0 млн  сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 54,9 млн  сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ  246,1 млн  сомонӣ, ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 2509,7 млн  сомонӣ, истеҳсолоти металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ 4705,1 млн  сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 16,6 фоиз зиёд шудааст»,-иттилоъ доданд дар Агентии омор.

Дар давраи ҳисоботӣ 2594 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 305 адад, коркард 2124 адад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 93 адад фаъолият намудаанд.

Аз ин шумора 788 адад (30,4 фоиз аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 710 адад (27,4 фоиз) – ба вилояти Хатлон, 548 адад (21,1 фоиз) – ба шаҳри  Душанбе, 466 адад (17,9 фоиз) – ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва 82 адад (3,2 фоиз) – ба ВМКБ рост меоянд.

Дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  24,0 фоиз зиёд шудааст, ки асосан аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли газворҳо  – 2,9 баробар, қолин ва маснуоти қолин – 1,5 баробар, газворҳои абрешим (атлас) – 2,4 баробар, либосҳои мактабӣ – 27,0 фоиз мушоҳида мегардад.

Дар 9 моҳи соли равон истеҳсоли маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 1,8 фоиз зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии хишти бинокорӣ  – 15,2 фоиз, гаҷ, санг  – 6,8 фоиз ба вуқӯъ омадааст.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 3157,53 сомониро ташкил медиҳад.

АКС: аз манбаъҳои боз

Ноябрь 3, 2022 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид