Дар Тоҷикистон нархи баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 0,9 фоиз арзон гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷмӯъ дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон нархи бархе маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 0,9 дарсад коҳиш ёфтааст. Сабаби аслии ин падида- 19,7% паст шудани нархи гази моеъ буд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 индекси нархҳои истеъмолӣ 103,1 фоиз, аз ҷумла ба молҳои озуқаворӣ — 104,3 фоиз, ба молҳои ғайриозуқаворӣ- 103,1 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ- 99,1 фоизро ташкил кард.
Зимнан, нархи маҳсулоти гӯштӣ 4,0 фоиз (асосан аз ҳисоби гӯшти гов 8,2 фоиз ва гўшти гўсфанд 4,4 фоиз), равған ва чарбу 3,7 фоиз (равғани пахта 6,4 фоиз ва равғани офтобпараст 4,0 фоиз), мевагӣ 9,7 фоиз (ангур 22,8 фоиз, себ 38,1 фоиз, нок 5,1 фоиз), бодиринг 63,8 фоиз, помидор 53,5 фоиз ва картошка 19,7 фоиз арзон шудааст.
Бояд зикр намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ – сентябри соли 2022 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 33563,6 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум бо нархҳои муқоисавӣ 7,8 фоиз зиёд мебошад, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 24818,0 млн сомонӣ ё ки 6,7 фоиз ва чорвопарварӣ 8745,6 млн сомонӣ ё 11,1 фоиз зиёд аст.
Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2022 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 1411406 тонна ғалладонагиҳо (аз ҷумла гандум 903987 тонна), 191184 тонна пахта, 774856 тонна картошка, 2201825 тонна сабзавот (аз ҷумла пиёз 630714 тонна), 754196 тонна полизӣ, 361341 тонна мевагиҳо (аз ҷумла 121454 тонна себ ва 123072 тонна зардолу), ангур 216298 тонна ва хўроки чорво ба ҳисоби воҳиди хўрокворӣ 1315579 тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 9,4 фоиз ғалладонагиҳо (аз ҷумла гандум 5,9 фоиз), 1,8 фоиз пахта, 4,8 фоиз сабзавот, 4,4 фоиз полизӣ, 19,1 фоиз мевагиҳо (аз ҷумла: 9,8 фоиз себ ва 28,3 фоиз зардолу), 16,6 фоиз ангур ва 5,2 фоиз хўроки чорво зиёд шуд.
То 1 октябри соли 2022 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2507,8 ҳазор сарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,4 ҳазор сар ё 4,3 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гўсфанду буз 6272,3 ҳазор сарро ташкил дода, 252,3 ҳазор сар ё 4,2 фоиз афзуд.
Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли гўшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 152012 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 5,6 фоиз зиёд мебошад.
Бо дарназардошти рушди соҳаи парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсоли гўшти он низ хуб ба роҳ монда мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли гўшти паранда дар ҳамаи категорияи хоҷагидор ба 33233 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 фоиз зиёд мебошад. Зиёдшавии истеҳсоли гўшти паранда дар вилояти Хатлон ба 19,2 фоиз расида, 9795 тоннаро ташкил додааст, вилояти Суғд 1,3 фоиз (12743 тонна) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,5 фоиз зиёд гардида, ба 10663 тонна баробар шудааст.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






