Дар Тоҷикистон воридот, истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоти тамокуи бедудро манъ карданд

Ноябрь 22, 2022 14:51

ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли маҳсулоти тамоку» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа вакилони Парлумон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат доштанд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода иттилоъ дод, ки 21 октябри соли 2022 бо Қарори Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот, истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоти тамоку ва ғайритамокуи бедуд, снюс, ба истиснои нос манъ карда шавад.

Бояд зикр кард, ки снюс омехтаи хойиданӣ буда, аз 20 то 250 мг никотин дорад. Барои муқоиса, як сигор аз 0,1 то 1,5 мг никотин дорад, яъне дар як қуттӣ снюс он миқдор никотинест, ки ба се қуттии сигор баробар аст.

«Аз сабаби зиёд будани миқдори никотин истеъмоли онҳо боиси ихтилоли нейротоксикӣ мегардад, ки сабаби ихтилоли шуур, мастӣ ва баъдан вобастагии ҷисмонӣ ва рафторӣ мегардад. Бо назардошти он ки миқдори миёнаи марговари никотин дар як килограмм вазни бадан 0,5-1 мг аст, ин воя барои кӯдакон ва наврасон марговар аст. Ин навъи маҳсулот миёни кӯдакону наврасон хеле маъмул аст, зеро даврашакл буда, мисли қандакҳо ороиш дода шудаанд. Истеҳсолкунандагон кӯшиш менамоянд, ки муштариёнро бо ин роҳ фиреб диҳанд ва ҳатто дар бораи фоидаи ин маҳсулот ба саломатӣ ҳарф мезананд. Дар айни замон ин навъи маҳсулот сертификатсия нашудааст ва ба таври ғайриқонунӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад», — гуфт Абдухолиқ Амирзода.

Қобили зикр аст, ки қаблан Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснуоти тамоку»-ро аз тарафи гурӯҳи ташаббускори депутатҳои Парлумон бо назардошти тараққиёти саноати тамоку ва баровардани навъҳои нави маҳсулоти тамоку тафтиш намояд.

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку» муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки дар қонун манъи воридот, истеҳсол, содирот, нигоҳдорӣ, фурӯши омехтаҳои тамокуи бедуд, аз қабили снюс ва никпэк нишон дода шаванд.

Дар баробари ин пешниҳод мегардад, ки ҳамаи навъҳои маҳсулоти тамоку ба сигор баробар карда шаванд, зеро баъзе истеҳсолкунандагон бо роҳи фиреб мардумро ба безарарӣ ва баъзан фоидаи маҳсулоти тамоку бовар кунонданӣ мешаванд, ки ин нодуруст аст.

Инчунин таклиф карда мешавад, ки нархи минималии чаканаи маҳсулоти тамоку ҷорӣ карда шавад — ин нархест, ки маҳсулоти тамоку дар савдои чакана, яъне дар мағозаҳо, тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз он паст фурӯхта намешавад. Ин тадбир ба фурӯши яклухт дахл надорад.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои дигари риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истеҳсоли маҳсулоти тамоку» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷом иштирокдорон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим аҳамият ва қабули саривақтии қарор, инчунин мониторинги мунтазами иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бо тамокуро зикр намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2022 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад