ДЗЮДО. Пагоҳ дар Озарбойҷон Мусобиқаи байналмилалии «Baku Grand Slam 2022» оғоз мешавад

Ноябрь 3, 2022 10:14

ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар  шаҳри Бокуи Озарбойҷон Мусобиқаи байналмилалии  «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо  оғоз шуда, то 6  ноябр идома меёбад.  Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Мусобиқаи байналмилалии  «Baku Grand Slam 2022»  ширкати  391 варзишгар  (227 мард ва 164 зан) аз 63 кишвари сайёра дар назар аст. Мусобиқа аз рӯи 14 дараҷаи вазнӣ (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар ин мусобиқаи сатҳи баланд  12 паҳлавони шинохта, аз қабили  Муслимбек Каримов  бо Муҳаммад Маҳмадизода  дар вазни то 60 кг, Каюмарс Норов  бо  Муллораҷаб Халифаев дар вазни  то  66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода бо Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳи Устопириён бо   Ҷаҳонгир Маҷидов  дар вазни то 90 кг, Эмомризо Анварзода бо  Раҳматулло Мирзоев дар вазни то 100 кг ва ниҳоят паҳлавони маъруфи меҳан  Темур Раҳимов  дар вазни +100 кг  дар рақобатҳо миёни мардон  муаррифӣ   хоҳанд кард.

Барномаи мусобиқа:

4 ноябр (ҷумъа). Рақобатҳо  дар  вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни бонувон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

5 ноябр (шанбе). Рақобатҳо дар  вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни бонувон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

6 ноябр (якшанбе). Рақобатҳо дар  вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни бонувон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Мавриди зикр аст, ки  маблағи умумии Мусобиқаи байналмилалии   «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо  154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба ғолиб дар ҳар вазн 5 ҳазор евро, барои ҷойи дуюм 3 ҳазор евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ тақдим мегардад.

Ҳамчунин варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб мекунанд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мегарданд. Варзишгароне, ки  медали  тилло мегиранд, 1000 имтиёз, медали  нуқра — 700 имтиёз ва медали биринҷӣ  500 имтиёз ба даст меоранд. Инчунин  онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ  мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо дар АМА, ки аз 21 то 23 октябр бо иштироки 414 варзишгар (239 мард, 175 зан) аз 65 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, Тоҷикистонро   10 нафар варзишгарон намояндагӣ карданд. Танҳо ба паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов муяссар шуд, ки соҳиби медали  биринҷии ин мусобиқа шавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 3, 2022 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд