Филми «Дов» дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 13.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Филми «Дов» дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон намоиш дода мешавад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» коргардони ин филм Муҳиддини Музаффар.
Фестивали мазкур аз 20 то 28 ноябр дар Гоа- яке аз 29 иёлати Ҳиндустон баргузор мегардад.
Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон яке аз калонтарин дар Осиё мебошад, ки дар он 187 филм аз 89 кишвари ҷаҳон намоиш дода мешаванд. Аз ин филмҳо 26-тоаш барои дарёфти ҷоизаи Оскар пешбарӣ хоҳанд шуд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ҳунарманди кино Абдумумин Шарифӣ, ки дар филми мазкур нақши Қаҳҳорро иҷро намудааст, иброз дошт, филм дар киностудияи «Суғдсинамо» дар ҳаҷми 1 соату 50 дақиқа ба навор гирифта шудааст.
«Муҳтавои филм дар бораи ду рафиқе қисса мекунад, ки барои таъмини зиндагӣ тарки касб карда, роҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд. Инчунин қаҳрамонони филм барои расидан ба орзуҳо ва наҷоти фарзанд аз беморӣ аз ҳам ҷудо мешаванд…»,- гуфт Абдумумин Шарифӣ.
АКС аз манбаъҳои боз








Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияи Кӯшониён доир мегардад
Туҳфаи нодири Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баргузор шуд
Доир ба рӯзгор ва осори Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим конференсияи илмӣ баргузор шуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон дар Улан-Батор баррасӣ гардид
1744 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд
«ШОҲНОМА – ШОҲАСАРИ МОНДАГОР ВА ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲОИ ОРИЁӢ». Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён ва Бобоҷон Ғафуров доир мегардад
Роҳбарияти Осорхонаи миллӣ дар Форуми якуми байналмилалии осорхонаҳои Авруосиё иштирок намуд






