ФИЛМНОМАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Таҳти ин унвон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон силсилафилмҳо намоиш дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз, 11 ноябр, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи Шӯои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои телевизионии мамлакат филмномаҳои Пешвои миллат намоиш дода мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла филмҳои «Эмомалӣ Раҳмон – марде аз сарнавишт» дар ду қисмат, «Эмомалӣ Раҳмон – марди роҳ», «Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ» дар се қисмат ва «Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори давлати навини тоҷикон» дар се қисмат дар шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешаванд.
Филмҳои мазкур вазъи мураккаби сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоиии мамлакатро дар оғози солҳои 90-ум, баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ ва қабули қарорҳои таърихӣ, кӯшишҳои роҳбари ҷавони давлат дар роҳи муътадилгардонии вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан, гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, барқарор сохтани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии давлат ва миллати тоҷикиро бо азму иродаи қавию устувори роҳбарӣ инъикос менамоянд.
Ҳамарӯза филмҳои болозикр тавассути Телевизиони Тоҷикистон соатҳои 13:00 ва 21:30, ТВ Сафина — 08:00 ва 17: 00, ТВ Ҷаҳоннамо — 06:00 ва 15:00 ва ТВ Синамо — 10:00 ва 19:00 манзури тамошобинон карда мешаванд.
АКС: аз рӯи навор









ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






