ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз мусовӣ бо Россия гаронарзиш гардид
ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Transfermarkt маълумоти нав дар бораи бозигарон ва дастаҳои миллии кишварҳои гуногун нашр шуд. Миёни онҳо намояндагони Тоҷикистон низ ҳастанд. Тамоми ҳайати дастаи миллии даъвати феълӣ, ки аз ҷониби Питер Сегрт ба бозӣ бо Россия даъват шуда буд, гаронарзиш шудааст. Дар ин бора имрӯз хабаргузории русии Sputnik менависад.
Қаблан дастаи мунтахаби мо қиматаш паст- аввал 670, баъдан 430 ҳазор евро кам мешуд. Ҳоло даста пас аз мусовӣ бо Россия ба арзиши худ 1,37 миллион евро илова кардааст. Ҳоло дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аллакай 6,65 миллион евро арзиш дорад. Синни миёнаи аъзои даста 23,3 сол буда, ба он 26 бозигар дохил шудаанд.
Дар ҷои аввал футболбози бошгоҳи КМВА-1948-и Булғористон Парвиз Умарбоев қарор дорад, ки маҳорати касбиаш ҳоло 750 ҳазор евро арзёбӣ мешавад. Алишер Ҷалилов, футболбози АГМК-и Узбекистон ҷои дуюмро бо арзиши 700 ҳазор евро касб кардааст.
Ҷойи сеюмро футболбози «Сурхон»-и Узбекистон Зоир Ҷӯрабоев бо 500 ҳазор евро ишғол мекунад. Дар ҷои чаҳорум нимҳимоятгари тими «Зуб Оҳан»-и Эрон Эҳсони Панҷшанбе бо 450 ҳазор евро қарор дорад. Дар ҷои панҷуми рӯйхат дарвозабони «Истиқлол» Рустам Ятимов (400 000) қарор дорад.
Шашумин футболбози тоҷик дар феҳристи гаронтаринҳо, ба гуфтаи сомона, Комрон Турсунов аз «Трау»-и Ҳинд аст. Ӯ 325 ҳазор евро арзиш дорад. Дар ҷои ҳафтум се бозигари дастаи мунтахаби миллӣ бо арзиши якхела – 300-ҳазорӣ қарор доранд. Инҳо Манучеҳр Ҷалилов аз «Истиқлол», Шаҳром Самиев аз «Ислочи»- и Беларус ва Нуриддин Ҳамроқулов аз «Хатлон» мебошанд.
Дар охири ҳаштгонаи гаронарзиштарин бозигарон футболбози дастаи «Персеполис»-и Эрон Ваҳдат Ҳанонов бо арзиши 275 ҳазор евро қарор дорад. Баъдан якчанд бозигарон бо нархҳои камтар нисбат ба онҳое, ки дар ҳаштгонаи гаронарзиштаринҳо ҳастанд, ҷой гирифтаанд. Ҳамин тариқ, Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Рустам Соиров аз «Левадия»-и Эстония 250 000- евроӣ баҳо гирифтаанд.
Манучеҳр Сафаров аз «Локомотив»-и Узбекистон 225 000 евро ва Шоҳрух Қирғизбоев аз «Истиқлол» 200 000 евро арзиш доранд. Бозигарони «Истиқлол» Аҳтам Назаров ва Шервонӣ Мабатшоев 175 ҳазор ва Муҳриддин Ҳасанов 150 ҳазор баҳогузорӣ шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Россия, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, мусовӣ анҷом ёфт. Бозӣ бо ҳузури беш аз 20 ҳазор нафар тамошобинон сурат гирифт.
Акс: ФФТ








Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






