ФУТБОЛ. Ҳамаи ҷуфтҳои даври 1/8-финалии Лигаи чемпионҳо-2022/23 муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи ҷуфтҳои даври 1/8- финалии Лигаи чемпионҳо-2022/23 муайян гардид. Қуръакашӣ 7 ноябр дар қароргоҳи Ассотсиатсияи Иттиҳодияҳои футболи Аврупо (УЕФА) дар Швейтсария баргузор шуд.
Бояд гуфт, ки ба далели баргузории Чемпионати ҷаҳонии соли 2022 даври гурӯҳӣ як моҳ пеш анҷом ёфт, аз ин рӯ УЕФА ин маросимро низ ба вақти дигар гузаронд. Дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ “Наполи”, “Ливерпул”, “Порту”, “Брюгге”, “Бавария”, “Интер”, “Тоттенхэм”, “Айнтрахт”, “Челси”, “Милан”, “Реал Мадрид”, “Лейптсиг”, “Манчестер Сити”, “Боруссия” (Дортмунд) , ПСЖ ва Бенфика ба даври 1/8-финали мусобиқа роҳ ёфтанд.
Пас, бо ҷуфтҳо шинос шавед:
«РБ Лейпстиг» (Германия) — «Манчестер Сити» (Англия);
«Брюгге» (Белгия) — «Бенфика» (Португалия);
«Ливерпул» (Англия) — «Реал» (Испания);
«Милан» (Италия) — «Тоттенхэм» (Англия);
«Наполи» (Италия) — «Айнтрахт» (Германия);
«Челси» (Англия) — «Боруссия Д» (Германия);
«Интер» (Италия) — «Порту» (Португалия);
«Бавария» (Германия) — «ПСЖ» (Фаронса).
Беназирии плей-оффҳои ҳозира дар чист?
Дар даври 1/8-финал 7 кишвар ширкат мекунанд: ба ҷуз аз намояндагони панҷгони беҳтарин клубҳои Португалия ва Белгия ба плей-офф роҳ ёфтанд. Гузашта аз ин, 3 дастаи Португалия метавонистанд якбора аз гурӯҳ бароянд, аммо Спортинг имкон дод, ки Айнтрахт ва Тоттенхэм пеш гузаранд. Ғолиби Лигаи Аврупо дар мавсими 2021/22- «Франкфурт» ва «Брюгге» — и Белгия бори аввал дар марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳо бозӣ хоҳанд кард.
Боз як рӯйдоди таърихӣ: бори аввал дар 20 сол танҳо як дастаи Испания ба плей-офф роҳ ёфт. «Реал Мадрид» бе мушкилот аз гурӯҳ баромад, «Барселона» ва «Севиля» ба Лигаи Аврупо роҳ рафтанд. Атлетико бо гаронарзиштарин мураббии ҷаҳон- Диего Симеоне, дар маҷмӯъ дар гурӯҳ дар ҷои охирин қарор гирифт.
4 даста Англия ва Олмон, се даста Италияро намояндагӣ мекунанд. Аз Фаронса танҳо ПСЖ ба плей-офф роҳ ёфт, ки ба шарофати нокомии «Марсел» дар айни замон аз ҳама бештар дар Лигаи чемпионҳо бозӣ кардааст.
Бозиҳои 1/8-финал кай баргузор мешаванд?
Чун анъана, бозиҳои 1/8-финали Лигаи чемпионҳои УЕФА ба панҷ ҳафта тақсим мешаванд. Аввал 14-15 феврал чаҳор даста бозии аввалини худро баргузор мекунанд ва бозиҳои боқимонда як ҳафта баъд баргузор мешаванд. Пас аз он бошгоҳҳо аз мусобиқоти аврупоӣ як ҳафта ба «танаффус» мебароянд. Бозиҳои ҷавобӣ 7-8 ва 14-15 марти соли 2023 баргузор мешаванд.
Ёдовар мегардем, ки дар мавсими гузашта «Реал Мадрид» дар финали Лигаи чемпионҳо (29 майи соли 2022) «Ливерпул»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод ва бори 14-ум дар таърих Ҷоми Лигаи чемпионҳоро ба даст овард.
ДАР АКС: ғолиби Ҷоми Лигаи чемпионҳо дар мавсими 2021-22- дастаи «Реал»-и Мадрид. 29 майи соли 2022. Аксҳо аз манбаъҳои боз








Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолияти пурсамар намуданд
ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод
Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид






