ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи Тоҷикистон бо мунтахаби Россия бозии дӯстона доир мекунад

Ноябрь 17, 2022 09:18

ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми  имрӯз  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстонаи дастаҳои    мунтахаби  футболи  Тоҷикистон ва Россия баргузор мегардад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон қабл аз бозии дӯстона бо дастаи  мунтахаби  Россия дар ҳайати пурра ҷамъ омад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки дар сатҳи тимҳои миллӣ дастаҳо бори аввал бо ҳам вомехӯранд. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз ёфта, тариқи шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол»-и Тоҷикистон, инчунин шабакаи «Матч ТВ»-и Россия ба таври мустақим намоиш дода мешавад.

Сармураббии дастаи мунтахаби  футболи  Тоҷикистон  Петр Сегрт дар ҳайати мунтахаби кишвар 27 бозигар дорад, ки 14 нафари онҳо легионер мебошанд. Дар  дастаи миллӣ 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар тамрин мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (АГМК, Узбекистон), Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Эҳсони Панҷшанбе («Зуб Оҳан», Эрон), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Русия), Комрон Турсунов (TРАУ, Ҳиндустон), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Салам Ашӯрмамадов («Броук Бойз», Русия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Хуршед Абдуллоев (КМВА, Душанбе), Азизбек Ҳаитов («Динамо», Душанбе);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Мавриди зикр аст, ки  дастаи мунтахаби Россия дар ҳайати 26 бозигар ба Душанбе омад. Матвей Сафонов ва Антон Зинковский наомаданд. Дарвозабони  дастаи  «Краснодар» дар бозии Премйер Лигаи Россия каме ҷароҳат бардоштааст.

Ба ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаби Россия бо роҳбарии Валерий Карпин бозигарони зерин шомиланд:

Дарвозабонҳо: Сергей Песяков («Ростов»), Матвей Сафонов («Краснодар»), Александр Селихов («Спартак»), Антон Шунин («Динамо»).

Ҳимоятгарон: Иля Агапов («Пари НН»), Мингиян Бевеев («Урал»), Даниил Денисов, Георгий Джикия, Руслан Литвинов, Даниил Хлусевич (ҳама дастаи — «Спартак»), Виктор Мелёхин, Максим Осипенко, Александр Сильянов (ҳама дастаи — «Ростов»), Вячеслав Караваев, Дмитрий Чистяков (ҳарду дастаи — «Зенит»), Артём Макарчук («Сочи»), Александр Солдатенков («Крылья Советов»).

Нимҳимоятгарон: Илзат Ахметов, Никита Кривцов (ҳарду дастаи — «Краснодар»), Дмитрий Баринов, Артём Карпукас, Антон Миранчук (ҳама дастаи — «Локомотив»), Максим Глушенков, Сергей Пиняев (ҳарду дастаи — «Крылья Советов»), Арсен Захарян, Даниил Фомин (ҳарду дастаи — «Динамо»), Антон Зинковский, Данил Прустев (ҳарду дастаи — «Спартак»), Андрей Мостовой («Зенит»), Даниил Уткин, Даниил Глебов (ҳарду дастаи — «Ростов»), Лечи Садуллаев («Ахмат»).

Ҳамлагарон: Александр Соболев («Спартак»), Фёдор Чалов (КМВА), Николай Комличенко («Ростов»), Владимир Сычевой («Оренбург»).

                                                                                                                Акс: ФФТ

Ноябрь 17, 2022 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад
НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Ғолибони он дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд