ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Ноябрь 3, 2022 09:33

ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат   дар сатҳи баланд  баргузор шуданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тавре қаблан хабар додем, марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон имсол дар шакли нав баргузор мешавад. Дастаҳое, ки дар қисми аввал ҷойҳои 1-5-умро гирифтанд, дар гурӯҳи «А»  барои ҷоизаҳо ва дастаҳое, ки ҷойҳои 6-10-умро касб карданд, дар гурӯҳи  «В» барои нигоҳ доштани мавқеашон дар Лигаи олӣ талош мекунанд.

Дар даври 19-ум дар гурӯҳи «А»  ду бозӣ баргузор шуд. Дастаи  футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар   бар дастаи   КМВА-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард. Голҳои дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро Тоҳирҷон Тағойзода (2 гол), Нуриддин Ҳамроқулов, Рустамҷон Кучкаров, голҳои дастаи   КМВА-и шаҳри Душанберо Хуршед-Тимур Ҷураев, Аласса Монгбет ва Комрон Иброҳимов  ба нишон расониданд.

Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб  бо  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби  мусовии   3:3 анҷом ёфт. Ҷаҳонгир Эргашев аз дастаи «Хуҷанд»  ва Абдухалил Боронов аз дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб дуголӣ ба ҳадаф расониданд. Якголии дигарро дар ҳайати дастаи  «Хуҷанд»  Хушнудбек Бозоров ва дар ҳайати дастаи  «Равшан» Шодиҷон Муродов ба нишон  расониданд.

Натиҷаи дастаҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ

         

 

  Б Ғ  М   Б   Т-Т   Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 18 11 6 1 38-11 39
2 «Хатлон» (Бохтар) 19 8 7 4 20-14 31
3 «Равшан» (Кулоб) 19 7 8 4 23-20 29
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 19 7 7 5 24-16 28
5 КМВА  (Душанбе) 19 7 4 8 25-28 25


  Б Ғ М Б Т-Т Х
6 «Истаравшан» (Истаравшан) 18 6 4 8 23-19 22
7 «Файзканд» (Восеъ) 19 6 4 9 18-30 22
8 «Эсхата» (Хуҷанд) 19 5 6 8 23-30 21
9 «Равшан» (Зафарабад) 19 4 8 7 20-35 20
10 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 19 4 4 11 14-25 16

 Рӯйхати беҳтарин нишонзанҳо:

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 12  гол, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Эсхата») – бо 10-голӣ, Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 9 гол, Абдухалил Боронов («Равшан»-и Кӯлоб) – 8 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробад) – 7 голӣ ба нишон расониданд.

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2022 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд